Фактчекnews | Facebook ба «Reuters» барои далелсанҷӣ маблағ медиҳад

0
852
Reuters&Facebook
АКС: Techcrunch.com

Facebook ба хабаргузории «Reuters» барои далелсанҷии воқеии «Deepfake»-ҳо маблағ пардохт хоҳад кард. Ҳоло ҳеч кас ҳаҷми маблағро ифшо накардааст, аммо «Reuters» аллакай як гурӯҳи алоҳидаи муҳаррирон иборат аз 4 нафарро ташкил кардааст. Инчунин, бахши вижаеро таҳти унвони «Reuters Fact Check» эълон намудааст, ки он ҷо дар бораи лоиҳаи мазкур маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Бо маблағи Facebook, хабаргузории «Reuters» аксу наворҳои аз ҷониби корбарон ва муҳаррирон дар саҳифаҳои хабарӣ боршуда мавриди санҷиш қарор мегиранд. Барои ин муҳаррирон алгоритми махсуси амалҳоро доранд.

Ҳам кормандони Facebook ва ҳам дастаи «Reuters», хабарҳои қалбакӣ ё чизи ба қалбакӣ монандро ҷустуҷӯ хоҳанд кард. Тамоми таҳлили маводи қалбакӣ дар бахши «Fact Check» нашр карда мешавад. Бар асоси ин иттилоот, шабакаи иҷтимоӣ маводро ҳамчун қалбакӣ ба қайд мегирад ва паҳни онҳоро паст мекунад, то фарогирии он кам гардад.

Манбаъ: TechCrunch


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here