Ин яке аз ҷавобҳои журналистони вилояти Суғд доир ба суоли «Нишастҳои матбуотиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва аз он то куҷо қаноатманд ҳастед?» мебошад.
Баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ соле ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15-уми сентябри соли 2011 сурат мегирад. Зимни баргузории нишастҳои матбуотӣ раиси вилояти Суғд, раисони шаҳру навоҳии вилоят, раҳбарони идораву ташкилотҳо аз натоиҷи фаъолияти худ ба қавле «ҳисобот» медиҳанд.
Ҳангоми суҳбат бо чанде аз намояндагони расонаҳои хабарӣ ва масъулони ниҳодҳои дахлдор доир ба баргузории нишастҳои матбуотии гузашта маълум гардид, ки ҷонибҳо аз иштироки фаъолона ва муҳтавои нишастҳои хабарӣ чандон қаноатманд нестанд.
Посухи мукаммали онҳоро дар ин бобат, ки пас аз анҷоми нишасти хабарӣ дар соли 2019 пурсон шудем, метавонед мутолиа намоед ва худ хулоса бароред.
Маъмури ЮСУФЗОД, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд:
– Сатҳи иштироки касбияти журналистон назар ба 10-солаи қаблӣ хеле паст шудааст. Аксар журналистон бидуни тайёрӣ ба нишасти матбуотӣ меоянд. Ҳатто як саволи дуруст дода ҳам наметавонанд. Бархе ҳамкасбони мо нишасти матбуотиро ба қабули шаҳрвандон мубаддал гардонида, саволҳои шахсии хешро манзури ом мегардонад. Ин дар ҳолест, ки чунин саволҳоро метавон дар рӯзҳои қабул баррасӣ кард.
Инчунин, бархе аз журналистон бо 5 савол муроҷиат карда, вақти ҳамаро бо саволҳои бекора ва «ҷавоб»-дори худ мегиранд.
Нишасти матбуотӣ ин манбаи бузурги хабарсоз аст. Аз як нишаст метавон 10-20 хабар таҳия кард. Сад афсӯс, ки аз 40 журналисти иштирокнамуда, ҳамагӣ 10 нафарашон хабар тайёр менамоянду бас. Боқимондаҳо, ҳатто бархе нашрияҳои расмӣ дар баробари кӯчагӣ як мавод нашр карда ҳам наметавонанд.
Аз як расона дар нишасти матбуотӣ баъзан 4-5 нафар воҳима карда, иштирок менамоянд. Кас хурсанд мешавад, вале маълум мегардад, ки муроди онҳо на хабар гирифтан, балки… Аз ин тоифа танҳо як нафарашон дар расонаашон хабар таҳия менамояду халос.
Барои ҳалли чунин мушкилот бояд нишасте ё семинаре ташкил намуд, чун ҳарфҳои ногуфтанӣ хеле зиёд аст…
Сурайё ҲАКИМОВА, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»:
– Сифати баргузории нишастҳои матбуотӣ сол то сол поён рафта истодааст. Омили паст шудани сифати баргузории нишастҳои матбуотиро ҳам ба масъулони соҳаҳо ва ҳам ба рӯзноманигорон нисбат додан мумкин аст. Чаро?
Дар бештари маврид масъулон ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои саҳеҳ ва қонеъкунанда намедиҳанд. Вақте суол пешниҳод мешавад, ҷавоб аксар ҳамон маълумоте аст, ки дар варақаҳои иттилоотӣ (пресс-релиз) пешниҳод шудааст.
Бештари вақт суолҳои «подарҳаво»-и рӯзноманигорон низ боиси нигаронист. Бояд рӯзноманигор донад, ки чӣ мехоҳад ва мақсад аз суол додан чист? Аммо мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки чунин нест.
Ба фикри ман, инчунин додани тӯҳфа, дастурхон оростан дар нишастҳои матбуотӣ зарурат надорад, чун ин омил низ ба сифати кор таъсир гузошта истодааст.
Сино ҒАФУРӢ, хабарнигори ШТР «Танин»:
– Нишастҳои матбуотӣ, ки ҳамасола бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳоду мақомоти мухталиф доир мегардад, дар як вақт метавонад, аҳолиро аз фаъолияти ин ё он идораи давлатӣ шинос намояд. Шояд ҳадафи меҳварии нишастҳои хабарӣ чунин бошад. Вале саволи матраҳ ин аст, ки то куҷо роҳбарон бо омодагии ҳамаҷониба дар назди журналистон ҳозир мегарданд.
Дар қиёс ба солҳои қаблӣ мушоҳида мегардад, ки то андозае сатҳу сифати гузаронидани нишастҳои матбуотӣ коста гардидааст. Баъзе аз роҳбарон саҳлангорӣ мекунанд ва ё ба ҷои худ муовинонашон ба саволҳои рӯзноманигорон посух мегӯянд. Инчунин, онҳо бо тайёрии зарурӣ намеоянд ё корашонро ба пуррагӣ намедонанд, ки дар натиҷа ба саволҳо умумигӯӣ мекунанд ё роҳи гурезро пеш мегиранд.
Аз ҷониби дигар, намояндагони ВАО-ро низ зарур аст, вақте ба нишастҳои матбуотӣ, ки мераванд бо омодагии ҷиддӣ, бо саволу масъалагузориҳо ва дар ниҳоят, фаъолияти ҳар як ниҳоди алоҳидаро бо пуррагӣ омӯзанд. Ба назар мерасад, ки баъзе аз ҳамкасбони мо низ саволҳои обшуставу бемантиқ медиҳанд, ки боиси афсӯс аст.
Хулоса, бояд ҳам намояндагони ВАО ва ҳам масъулини соҳаҳо бо омодагии ҷиддӣ ба нишастҳои матбуотӣ оянд, то сокинон маълумоти заруриро ба даст оранд!
Мадина ПОЧОЕВА, хабарнигори ОИ «ASIA-Plus»:
– Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар нишастҳои матбуотӣ рӯзноманигорон одоби касбиро риоя намекунанд ва ин боиси якдигарнофаҳмӣ байни кормандони ВАО ва масъулин мегардад. Масалан, ҷавобро гӯш накарда, суолборон кардан ё ба иззати нафси мансабдор расидан нодуруст аст.
Ҷое, ки тӯҳфаву зиёфат ҳаст, бисёр «рӯзноманигорон» меоянд, ҷое, ки нест, шумораи хеле ками онҳоро мушоҳида кардан мумкин аст.
Хуб мешуд, АМВАОМТ (НАНСМИТ) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бори дигар ба рӯзноманигорон дар бораи этикаи касбӣ омӯзишҳо баргузор намоянд.
Ҷаҳонгир МИРСАЛИМОВ, хабарнигори радиои «Шаҳри ман»:
– Аслан, нишастҳои хабарӣ фурсати ғалбербардорӣ аст. Ҳар он чӣ ки ҳамон як мақомоти вобаста дар фурсати муайян кореро иҷро кард ва ё накард, тавонист ва ё натвонист, вазифа ва ӯҳдадориҳои худро то куҷо бо дарки масъулият эҳсос ва амалӣ намуд ва ё баръакс, маҳз дар нишастҳои хабарӣ аён мегардад.
Аз ширкат дар нишастҳои имсола қазоват кардам, ки баъзе аз сохторҳо фаъолияти худро сари ҳар чанд вақт тахлил намекунанд. Чун вақте рӯзноманигорон суоле мекунанд, рӯирост мегӯянд, ки мо ин омор ва ё маълумотро надорем ва ё фаромӯш кардем.
Бояд бигӯям, ки журналистон ба нишастҳои хабарӣ барои «сиёҳ» кардани сохтори мавриди назар намераванд. Балки барои рӯшанӣ андохтан ба ин ё он масъалаи норӯшан мераванд. Пас бояд, ин чизро роҳбарони мақомоти ташкилкунандаи нишаст хуб дарк карда тавонад.