Сокинони маҳаллаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, аз соли 1998 дар талоши бунёди мактаб ҳастанд. Ин маҳалла ҳудуди 250 хоҷагӣ дошта, теъдоди мактаббачагони он наздик ба 300 нафар мерасанд.
Ба гуфтаи сокинон, ин теъдод хонандагон ҳамарӯза 10 км масофа роҳро тай намуда, ба мактаби №18-и ҷамоати Пунук рафта меоянд.
Дурии роҳи мактаб яке аз сабабҳои нигаронии волидайни мактаббачагон бошад, ҷой доштани хавфу хатар дар ин масир, ки аз байни кӯҳҳо мегузарад, боиси ташвиши ҳамешагии сокинон аст.
Тавре сокинони маҳаллаи Дӯстӣ мегӯянд, ҳанӯз дар соли 2010 аз ҷониби раиси пешини вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои бунёди мактаб дар ин маҳалла 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуд ва қарор буд, ки мактаб то соли 2012 пурра бунёд гардад.
Аммо тақдири ин мактаб то ҳанӯз номаълум боқӣ мондааст.
Матнаш хабар ва навиштаҷоти видео бисёр хароб аст!!! Наход шумораи одамон (хонандаҳои мактаб) ро бо адад ҳисоб кунанд. Ин чи бесаводӣ аст? Ё Шумо техникаро гуфта дар бораи савод фикр намекунед? Кори журналисти масъулиятро талаб мекунад. Бо масъул бошед, на шитобкори бесавод!!!
Ташаккур барои ҷавоби саривақтӣ ва таваҷҷуҳ!
Вале беҳтар мебуд, ки Шумо бо номи худ менавиштед, дигар ин ки ба мо ҳамеша одат шудааст, ки мушкилиро як сӯ гузошта, ба чизҳои майдачуда аҳамият медиҳем. Шумо низ беҳтар мебуд, ба он мушкилие, ки мардум мехоҳанд мактабе бунёд кунанд, то фарзандонашон соҳиби саводу маърифат гарданд, саҳм гузоред!
Обод бошед!
300 ҳазор сомонӣ маблағи ҷудошуда кучо рафт? Он маблағи буҷа буд.Чаро амалдорон ба ин посух намегӯянд? Чаро дар ин маврид таҳқиқи журналистӣ доир намекунед? Масъаларо танҳо бо баёни 2-3 ҷумла ҳал карда намешавад.Инро худатон аз мо беҳтар медонед.
Сипос, лутнфан навори моро низ дар ин бора тамошо кунед!