Фактчекnews | «Коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст»

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои ахир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Раисҷумҳури Тоҷикистон, 28-уми феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати кишвар доир гардида, дар он яке аз мавзӯъҳои калидӣ ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гуфта шудааст.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумати кишвар гузориш додааст, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд ба қайд гирифта нашудааст.

«Алҳол, дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводи безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои маводи хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад»,- гузориш додааст Олимзода.

Тавре сомонаи Раёсатҷумҳур таъкид медорад, тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь