Фейк | Дарёфти табобат аз коронавирус дар тибби Паёмбар ﷺ

Чӣ санҷида шуд?

Ҳафтаи равон дар Facebook матлабе таҳти унвони «Дарёфти табобат аз коронавирус дар тибби Паёмбар ﷺ» («Рецепт от коронавируса нашли в медицине Пророка ﷺ») нашр гардид (бойгонӣ) ва баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ ба миён овард. Аз ҷумла, ин хабар дар чанд гурӯҳҳои фейсбукии марбут ба истифодабарандагони тоҷик, ки хонандаи зиёд доранд, мисли «АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ», «Объявлении Худжанда» (бойгонӣ) ва ба ин монанд бознашр шудааст. Манбаи хабари мазкур сомонаи «islam.ru» (бойгонӣ) гуфта мешавад. Дар мавод омадааст, ки барои ҷилавгирӣ аз коронавирус гирифтани ниқоб ва пӯшидани либосҳои махсуси профилактикӣ чандон зарур набуда, балки «истеъмоли хокаи махсуси ҳиндӣ, седонаи сиёҳ, сиркои себ, занҷабил, хунбарорӣ (ҳиҷама) ва намозхонӣ» кофӣ асту бас.

Азбаски тайи чанд моҳи ахир масъалаи гирифтории мардум ба коронавирус дар кишварҳои алоҳида ва табобати он аз мавзӯъҳои муҳим арзёбӣ шуда, дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор дорад, дурустии иттилои мазкурро санҷидем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Бино ба иттилои сомонаи «islam.ru» (бойгонӣ), гӯиё истеъмоли маҳсулот ва амалҳои дар боло зикршударо Худованд фармудааст. Аммо дар ин бора ишорае дар мавод мавҷуд нест, ки самаранок будани он то куҷо исбот шудааст.

Барои дақиқ намудани далели табобат аз коронавирус дар тибби Паёмбар чанд сарчашмаи расмиро мавриди санҷиш қарор додем.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (бойгонӣ), коронавирус (COVID‑19) тариқи қатраҳои ҳаво аз одами сироятёфта ба одами солим мегузарад (бойгонӣ) ва барои эмин будан аз он гирифтани ниқоб тавсия дода мешавад (бойгонӣ).

Ҳамчунин, дар ин иттилоия омадааст, ки то ҳол ягон антибиотик, ваксина ва ё доруи зидди коронавирус ихтироъ карда нашудааст. Бар илова, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар қисмати поёни иттилоияи мазкур огоҳ намудааст, ки худтабобаткунӣ наметавонад, бо коронавирус мубориза барад.

СҶТ вазъи COVID-19 дар минтақаи аврупоиро ба санаи 27.02.2020 ҳисоб намуда (бойгонӣ), шумори умумии ҳолатҳои тасдиқшударо 774 ва фавт аз онро 19 нафар гуфтааст.

Дар сомонаи СММ низ матлабе нашр шудааст, ки дар он раҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус одамонро барои дода нашудан ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ даъват мекунад (бойгонӣ). Ӯ мегӯяд, феълан аз ҷониби СҶТ олимону мутахассисони соҳибмалака аз кишварҳои мухталиф дар самти ташхиси вируси нав – COVID‑19, табобати он ва сохтани ваксина бар зидди он корро оғоз намудаанд.

Зимнан, ба иттилои СҶТ ба санаи 26.02.2020, шумораи гирифторони коронавирус дар дунё ба 81 ҳазору 109 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 78 ҳазору 191 нафараш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рост меояд. Ба иттилои ин ниҳод, то санаи 26-уми феврали соли равон дар Чин 2 ҳазору 718 ва дар дигар кишварҳои олам 44 ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол, дар 38 давлати дунё (бо шумули Чин) ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ошкор гардидааст.

Ҳукмнома

Зимни санҷиши мо маълум шуд, ки хабар дар бораи он ки гӯиё табобат ва ё пешгирӣ аз коронавирус дар тибби Паёмбар дарёфт шудааст, беасос буда, он «Фейк» мебошад.

P.S. Барои эмин будан аз коронавирус, лутфан ба инфографикаи зер аҳамият диҳед!

COVID‑19

2 КОММЕНТАРИИ

  1. Ин ки дар тиби Паёмбар (с) даво ёфт нашудааст, имкони дурустии хабарро дорад. Аммо намешавад гуфт ки дар тиби паёмбар (с) даво ёфт намешавад, бинобар ин хабар ё нашрияро аз еътиқоди мардум ҷудо кунед. Шумо он чи ҳаст, ҳамон нависед!
    Шояд шумо ҳам ин гуна навиштан намехостед, вале мутаасифона дар нашрияи шумо инро дарк карда мешавад. Лутфан боздид намоед ва дар нашрияҳо суиистифода дар эътиқоди мардум надошта бошед.

    • Нахуст, барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
      Шояд Шумо асли масъаларо дарк накардед, вале як бори дигар бароятон мефаҳмонам. Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки ҳоло дар ҷаҳон барои табобати ин беморӣ даво пайдо карда нашудааст ва ин масъала дар сомонаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯшан зикр шудааст. Ин, ки расона менависад, чӣ тавр табобат кардан лозим аст, ин ҳоло маънии онро надорад, ки дақиқ исбот шудааст ва инро мо тариқи манбаи расмӣ санҷидем. Ва агар ин маҳсулот барои табобати ва пешгирӣ аз ин вирус кӯмак мекард, аллакай дар ҳама ҷо нашр мешуд.
      Боқӣ хулоса аз Шумост! Обод бошед!

Leave a Reply to Jamshed Ma'ruf Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь