Фактчекnews | Интихобот-2020: Хабарнома гирифтему нагирифтем/ба овоздиҳӣ рафтему нарафтем (назарсанҷӣ)

Factcheck.tj дар арафаи интихоботи парлумонӣ миёни корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook назарсанҷие анҷом дод. Дар он беш аз 380 нафар ширкат доштанд.

1-уми марти соли равон дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқӣ сурат гирифт.

Дар арафаи интихоботи парлумонӣ Factcheck.tj миёни корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook бо суоли «Оё шумо барои интихоботи вакилони халқ-2020 даъватнома гирифтед?» назарсанҷие доир намуд. Назарсанҷии мо дар байни гурӯҳҳои ШАРҲИ НАВИДИ СУҒД / ОБЗОР ВЕСТИ СОГДА / REVIEW SUGHD NEWS, Я Люблю Худжанд! I Love Khujand! Хуҷандро дӯст медорам! ва АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ баргузор гардид.

Бино ба натиҷаи назарсанҷии мо, дар баробари он ки як қисмати муайян хабарнома аз ҳавзаҳои интихоботӣ нагирифтаанд, инчунин бархеҳо дар бораи ин маърака хуб огаҳӣ надоштаанд.

Баъд аз баргузории интихобот Factcheck.tj ду Telegram-саҳифаеро низ аз назар гузаронд, ки дар он бо суоли «Шумо имрӯз барои овоздиҳӣ ба интихобот рафтед?» пурсише анҷом дода шуд. Тавре дар ин пурсишномаҳо дида мешавад, аксарият дар ин маърака иштирок накардаанд.

Пас, суоле ба миён меояд, ки модоме хабарнома нагирифтаанд ва ё хабарнома гирифтаанду ба овоздиҳӣ нарафтаанд, тақдири раъйи онҳо бар фоидаи КӢ ҳал хоҳад шуд?


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь