Имрӯз ба нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Варорӯд – «Бухорои шариф», ки ба рӯзноманигории тоҷик поя гузошт, 108 сол пур мешавад.
Бино ба таъкиди устод Садриддин Айнӣ, «ҷавонони Бухоро кайҳо боз дар фикри нашри рӯзномае буданд, лекин чораи инро намеёфтанд. Зеро, ҳукумати Бухоро, ки ба ягон кори одии маданӣ роҳ намедод, ба нашри рӯзномае, ки дар пеши назараш чун муфаттише шуданаш мумкин буд, чӣ гуна роҳ дода метавонист».
«Элчихонаи ҳукумати рус ба нашри як рӯзномаи озодфикр рухсат додан он тараф истад, ба ин кор аз ҳукумати амир ҳам бештар монеъ мешуд».
Вале бо ин ҳама монеаву мушкилот, 11-уми марти соли 1912 воқеаи таърихӣ содир шуд ва аввалин шумораи «Бухорои шариф» ба табъ расид.
Ҳамон сол, Мирзомуҳиддини Мансур ва Мирзосироҷи Ҳаким, ки аз муассисони нашрия ба ҳисоб мераванд, бино ба иттилои устод Айнӣ, «аввал мудири матбааи Когон Левини яҳудиро дида, ба вай аз нашри рӯзнома ваъдаи манфиати зиёде нишон дода, ӯро ба майдон андохтанд».
«Левин ба умеди фоида ба майдон баромада, дар ин бора ба элчихона муроҷиат кард. Мирзомуҳиддин ҳам, ки бо корҳои тиҷораташ бо элчихона рафтуо дошт, тарафи рухсат додан ба рӯзномаро гирифт ва барои ба идораҳои рус шиносондани мардуми Бухоро, барои ривоҷи пахтакорӣ лозим будани рӯзномаро фаҳмонда, барои итминони хотири элчихона Ҳайдархоҷа Мирбадаловро, ки дар он ҷо хидмати мутарҷимиро ба ҷо меовард, ба мудирии рӯзнома тавсия кард. Сафоратхона ба шарти дар дасти худаш будани ҳаққи сензорӣ аз ҳукумати Бухоро барои нашри рӯзнома ба номи Левин ва Ҳайдархоҷа имтиёз ва иҷозат гирифта дод».
Ин рӯзнома, ки Мирзоҷалол Юсуфзодаи озарбойҷонӣ муҳаррири он буд, аввал ҳафтае шаш маротиба ва минбаъд ҳафтае чаҳор ва ниҳоят се бор чоп мешуд.
Дар шумораи аввалини «Бухорои шариф» муҳаррири нашрия Мирзоҷалол Юсуфзода эълом дошт, ки «саҳифоти рӯзномаи мо ба ҷиҳати таҳрироти илмия ва адабия ва фанния ва билъумуман мақолоти нофия боз аст. Мақолоти муғойир бо маслаки тараққихоҳона дарҷ нахоҳад гардид» ва дар мушаххасоти мақсаду маром ва ғояву омоли рӯзнома ин нукта хеле муҳим ва муассир аст.
«Бухорои шариф» баъди чопи 153 шумора аз 2-уми январи соли 1913 бо фармони гумоштагони сиёсии рус дар Бухоро аз нашр боз монд.
Месазад, ки имрӯз аз хидмату ҳиммати фарзандони фарзонаи миллат ва хайрхоҳону ҳамкорони онҳо, ки нахустин нашрияи тоҷикиро дар қаламрави Варорӯд интишор карданд, ба некӣ ёдовар шуд.
Ёди он бузургони миллат гиромӣ ва кори некашон поянда бод!
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бошад!
Илҳом ҶАМОЛИЁН, журналист
Раиси бахши ИЖТ дар вилояти Суғд