Дар Қазоқистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ҳар чӣ бештари вируси хатарноки COVID-19, вазъи фавқулода эълон шудааст.
Сомонаи расмии Президенти Қазоқистон рӯзи якшанбеи 15-уми март хабар дод, ки қарори нав аз 16-уми март ба иҷро медарояд ва то 15-уми апрел идома хоҳад кард.
То кунун дар Қазоқистон 8 ҳолати сироятшавии сокинон ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар замони вазъи фавқулода кори марказҳои бузурги тиҷоратӣ маҳдуд шуда, фаъолияти марказҳои дилхушӣ, театру намоишгоҳҳо, бозиҳои варзишӣ ва маросими ёдбуд муваққатан манъ мегардад. Ҳамчунин, равуо ба ин кишвар маҳдуд карда мешавад.
Коронавирус, ки охири соли гузашта дар кишвари Чин кашф гардид, то кунун беш аз 162 ҳазор нафар ба он гирифтор шуда, тақрибан 6 ҳазор тани дигар дар ҷаҳон фавтидааст.
Ӯзбекистон кишвари дуюми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 15-уми март аз мубтало шудани як шаҳрвандаш ба вируси нав хабар дод.