Фактчекnews | Сухангӯи Вазорати маориф: «Ба ҳангомаҳо ва хабарҳои беасос бовар накунед!»

Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт бо нашри як изҳорот (бойгонӣ) дар саҳифаи фейсбукиаш кулли шаҳрвандон ва намояндагони ВАО-и кишварро огоҳ намудааст, ки ба ҳар гуна овозаву хабарҳои дурӯғ дар мавриди таътил бовар накунанд.

Дар изҳороти номбурда омадааст, ки аз 21-уми март то 31-уми март таътили баҳорӣ эълон шуда, чоряки чорум аз 1-уми апрел оғоз меёбад:

«Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ идома доранд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25.09.2018, таҳти №484 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 01.06.2016, таҳти №237» чоряки сеюм аз 11-уми январ то 20-уми март идома ёфта, аз 21-уми март то 31-уми март таътили баҳорӣ эълон мешавад. Чоряки чорум аз 1-уми апрел оғоз меёбад.

Хоҳишмандам, ба ҳангомаҳо ва хабарҳои беасос бовар накунед!».

Изҳороти сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки баъзе аз сокинон бинобар овозаҳои коронавирус ба таҳлука афтодаанд ва ҳатто гурӯҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот даъват доранд, ки ба хотири пешгирии сироятёбии шаҳрвандон, хоса муҳассилини мактабҳои миёна ва олӣ ба коронавирус дар муассисаҳои таҳсилотӣ карантин эълон кунанд.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус ба санаи 16.03.2020, 167 515 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 6 606 нафар баробар аст.

Хушбахтона, ҳоло дар Тоҷикистон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь