Фейк | Имрӯз дар Душанбе чархболҳо барои «дезинфексия» кардан дору мепошанд (паём)

Чӣ санҷида шуд?

Нисфирӯзии 18-уми марти соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва мессенҷерҳои гуногун хабаре зери мазмуни гӯиё имрӯз дар шаҳри Душанбе аз соати 23:00 то соати 05:00-и субҳ чархболҳо барои зиддиуфунӣ кардан дору мепошанд, расонаӣ шуд. Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, ки дару тирезаҳои худро маҳкам намоед ва баъд аз соати 23:00 ба кӯча набароед.

Ин хабар бо чунин мазмун ба забони русӣ дар гардиш аст:

«Сегодня в 23:00 и до 5:00 утра, в г. Душанбе вертолёты будут распылять лекарство для дезинфекции, окна и балконы должны быть закрыты и на улице после 23:00 находится нельзя. Сообщили из военной части».

Матлаби мазкур миёни корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook баҳсеро ба миён овард ва инчунин, яке аз корбарони фаъоли ин шабака Шахноз Комилзода хабари мазкурро дар саҳифаи худ нашр намуда (бойгонӣ), аз мо хоҳиш кард, то дурустии ин хабарро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳукмнома: Фейк

Акнун, шарҳ медиҳем, ки чаро ин фейк аст ва он аз куҷо ба мо омадааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, дар ҷустори Facebook ин хабарро мавриди ҷустуҷӯ қарор додем. Маълум гардид, ки хабари мазкур шаби 17-ум ба 18-уми март дар саҳифаи Elen Tarasevich ном бону нашр шудааст (бойгонӣ).

Баъд аз нашру паҳни хабар аз тарафи ин корбар, онро боз чанд нафари дигар, аз ҷумла Valijon Mustakhanov (бойгонӣ), Shabnam Davlatova (бойгонӣ), Навруза Ибрагимова (бойгонӣ) ва ба монанди инҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook васеъ паҳн намудаанд.

Иқтибос:

«Сегодня в 23:00 и до 5:00 утра, вертолёты будут распылять лекарство для дезинфекции, окна и балконы должны быть закрыты и на улице после 23:00 находится нельзя. Сообщили из военной части».

Санҷиши 1:

Зимни ҷустуҷӯ дар Facebook гурӯҳеро бо номи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ пайдо кардем, ки дар он аз кулли ҳамдиёрон ва хонандагон хоҳиш карда шудааст, ки ба ҳар гуна смс-паёмҳо дар бораи коронавирус, захираи хӯрок ва дигар намуди хабарҳо бовар накунанд, матлабе нашр шудааст (бойгонӣ), ки дар он аз фейк будани ин паём дарак медиҳад.

Санҷиши 2:

Пас аз паём бо скриншоти ин гурӯҳ, онро дар ҷусторҳои Google ва Яндекс санҷидем. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки ин хабар шоми 17-уми март бар асари овозаҳои гуногун доир ба коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии Русия ба таври густурда паҳн шудааст.

Новая Кубань аз аввалин хабаргузориҳое буд, ки шоми гузашта дар ин бора иттилоъ дод (бойгонӣ). Дар хабари ин сомона айнан далели дар боло зикршуда дида мешавад, ки аз нодуруст будани он гуфта шудааст. Дар баробари ин хабаргузорӣ, Русская весна (бойгонӣ), Новости Воронежа (бойгонӣ) ва амсоли инҳо, ки аз фейк будани хабари мазкур иттилоъ додаанд.

Санҷиши 3:

Ниҳоят, маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар робита ба ин овозаҳо бо муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саид Давлатзода суҳбат намуд, ки номбурда чунин баён доштааст (бойгонӣ): «Ин гуна хабару овозаҳо умуман ҳақиқат надоранд ва аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеч як қисми низомии мамлакат оид ба ин масъала дархост ирсол нагардидааст. Азбаски то имрӯз, 18-уми марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки ба чунин хабару овозаҳо бовар накунанд. Бо вуҷуди ин, аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли коронавирус ба мамлакат пурзӯр шуда истодаанд».

Хулоса

Хонандагони арҷманд, хабари мазкур бофта буда, овозае беш нест. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки қабл аз нашру паҳни чунин хабарҳо, беҳтар мебуд, як маротиба онро дар ҷусторҳои Google ё Яндекс ҷустуҷӯ намоед, сипас хулосаи худро бароред.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь