Фейк | Нахустин фавт дар Ӯзбекистон аз каронавирус

Чӣ санҷида шуд?

Хабаргузории Pressa.tj матлаберо зери сарлавҳаи «Нахустин фавт дар Ӯзбекистон аз каронавирус» нашр намуд (бойгонӣ). Дар ин бора Pressa.tj дар такя ба сомонаи «Asia Times» иттилоъ додааст.

Бино ба хабари манбаъ, нафари фавтида сокини 53-солаи шаҳри Тошканд буда, рӯзи 14-уми март нишонаҳои бемориро дар вуҷуди худ эҳсос кардааст. Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, нишонаҳои беморӣ дар вуҷуди ин шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашта буд, кашф карда шудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни санҷиш маълум шуд, ки дар ҳақиқат ин хабарро нахуст сомонаи «Asia Times» ба нашр расонидааст (бойгонӣ) ва дар он аз марги як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки 14-уми март ба коронавирус сироят ёфта буд, гуфта мешавад. Вале дар ин мавод дар бораи синну соли шахси сироятёфта, аз кадом минтақаи Ӯзбекистон будани ӯ чизе гуфта нашудааст. Ҳарчанд, Pressa.tj дар такя ба ин хабаргузорӣ иттилоъ медиҳад.

Ҳукмнома: Фейк

Чаро ин фейк аст, батафсил шарҳ медиҳем:

Санҷиши 1:

Дар хабари «Asia Times» манбаи иттилоотӣ маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва сардухтури санитарӣ Юсупалиев Баҳодир Каҳраманович гуфта шудааст. Вале ба иттиллои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, Юсупалиев Баҳодир Каҳраманович муовини якуми вазири тандурстии ин кишвар буда (бойгонӣ), сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алматов Баҳром Ибрагимович мебошад, ки бо як қарори Раисҷумҳури ин кишвар 9-уми сентябри соли 2019 ба ин маснад таъин шудааст (бойгонӣ).

Фурқат Санаев, сардори хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ба оҷонсии KUN.UZ хабари марги як нафар шаҳрванди Ӯзбекистон аз коронавирусро рад карда (бойгонӣ), таъкид намудааст, ки ҳамаи маълумот дар бораи коронавирус дар манбаъаҳои расмии Ӯзбекистон нашр карда мешаванд.

Санҷиши 2:

Вақте матни хабари «Asia Times»-ро мавриди санҷиш қарор додем, маълум шуд, ки он пурра аз хабари сомонаи «ЛIГА.Новости», ки санаи 13.03.2020 чоп шудааст (бойгонӣ), нусхабардорӣ шуда, танҳо ба ҷойҳои «Украина – Ӯзбекистон», «зан – мард», «Виктор Ляшко – Юсупалиев Баҳодир Каҳраманович» навишта шудааст.

Санҷиши 3:

Аксе, ки дар ин ду хабаргузорӣ бидуни ишора ба сарчашма истифода шудааст, тавассути захираи онлайнии TinEye мавриди санҷиш қарор гирифт. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки акси мазкур бори аввал 12 феврали соли 2020 дар хабаргузории Daily Mail Online нашр шуда (бойгонӣ), муаллифи он AFP (Agence France-Presse) мебошад.

Дар зери акси мазкур чунин омадааст: «кормандони соҳаи тиб бо либоси муҳофизатӣ дар омӯзиш оиди кор бо нафари сироятшуда дар осоишгоҳи Санглаҳаи Денпасар, воқеъ дар ҷазираи истироҳатии Балии Индонезия иштирок мекунанд».

Хулоса

Далелсанҷии мо нишон дод, ки маводи ин ду хабаргузорӣ – Pressa.tj ва «Asia Times», пурра бофта буда, матну омори он ва акси истифодашуда дар матлаби сомонаҳо бидуни ишора ба манбаъ аз дигар расонаҳо гирифта шуда, бо чанд таҳриф нашру паҳн гаштааст. Аз ин лиҳоз, ҳукмномаи «Фейк»-ро ба он раво донистем.

P.S. Хонандагони гиромӣ, бори аввал нест, ки хабаргузории «Asia Times» чунин хабарҳои фейкӣ ва ё бардурӯғро нашру паҳн мекунад. Маводи ин сомона борҳо аз тарафи далелсанҷони Factcheck.tj мавриди санҷиш қарор гирифтаанд, ки ҳоло дар зер пешкашон медорем:

1. В Таджикистане женщина сожгла мужа за отказ дать пароль от телефона – Неправда

2. Ангела Меркел соҳибкорони мусалмони олмонро дар моҳи Рамазон аз андоз озод кард – Фейк

3. Ҳамарӯза дар Тоҷикистон ҳазор оила пош мехӯрад – Дасткорӣ

4. Фейки и правда о новом коронавирусе в Китае

5. ФАВРӢ: Коронавирус дар Тоҷикистон пайдо шуд: ду мурда, тақрибан садҳо нафар сироят шуда (акс) – Фейк

ТАВСИЯИ FACTCHECK.TJ: Қабл аз нашру паҳни хабарҳои ин сомона кӯшиш намоед, бо истифода аз ҷусторҳои Google ё Яндекс онро борҳо санҷед ва сипас, хулоса кунед!


2 КОММЕНТАРИИ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь