Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон номи кишварҳоеро, ки шаҳрвандон баъд аз бозгашт аз ин давлатҳо ба карантин фаро гирифта мешаванд, нашр кардааст.
Ин ниҳод шоми 18-уми март бо такя ба қарори Сардухтури давлатии санитарии Тоҷикистон изҳоротеро пахш намуда, гуфтааст, «шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Чин, Эрон, Итолиё, Куриёи Ҷанубӣ, Афғонистон, Фаронса, Испониё, Шветсия, Швейтсария, Бритониё, Норвегия, Нидерланд, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доштанду ба Тоҷикистон ворид мешаванд, бо мақсади пешгирии интишори коронавирус (COVID-19) ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд».
Дар идома Вазорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки дар ҳолати зарурӣ метавонанд, ба сафорату консулгариҳои ҷумҳурӣ дар хориҷа муроҷиат намоянд.
Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба санаи 18.03.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 191 127 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 7 807 нафар расидааст.