Фактчекnews | Вазорати тандурустӣ: 1890 нафар ба карантин фаро гирифта шуданд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, аз 1-уми феврал то 18-уми марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, аз ин шумора то санаи зикргардида 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, дар баробари шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Итолиё, Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамзамон, шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Фаронса, Испониё, Шветсия, Швейтсария, Бритониё, Норвегия, Нидерланд, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бевосита ва тавассути дигар давлатҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, давоми 14 рӯз ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Зимнан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват намудааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯиё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.

Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба санаи 18.03.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 191 127 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 7 807 нафар расидааст.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь