Фактчекnews | Гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон муваққатан баста шуданд

Сар аз имрӯз сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон муваққатан баста шуд. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои Вазорат, бинобар эълон гардидани ҳамагирии коронавирус (COVID-19) ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, эътиборан аз 24-уми марти соли 2020 гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ба эътидол омадани вазъият баста мешаванд.

Манбаъ дар идома таъкид намудааст, ки маҳдудияти мазкур нисбати шаҳрвандони мо, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки аз Тоҷикистон берун мешаванд, ронандагони мошинҳои боркаш, дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин аъзои ҳайати ҳукуматӣ татбиқ намегардад.

Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба санаи 23.03.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 332 930 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 14 509 нафар расидааст.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь