Ҳақиқат ва Иштибоҳ дар делелҳо | Пардохтҳо ба табибон дар Ӯзбекистон ҳангоми пандемия аз коронавирус

Чӣ санҷида шуд?

Давоми се моҳ инҷониб дар тамоми олам паҳншавии коронавируси нав ҳамоно идома дорад. Ҳамарӯза дар ин бора дар мессенҷеру шабакаҳои иҷтимоӣ хабару паёмакҳои гуногун дар бораи Covid-19 зиёд нашру паҳн мешаванд. Ба ин монанд, охири ҳафтаи гузашта дар Telegram хабаре дар бораи «пардохтҳо ба табибон дар Ӯзбекистон ҳангоми пандемия аз коронавирус» паҳн гардид, ки онро бо дархости хонандагони Factcheck.tj мавриди санҷиш қарор додем.

Иқтибос:

«Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев установил на период борьбы с эпидемией следующие ежемесячные выплаты (контактирующим с больными):

Врачам – $2.600, медсестрам – 51,500, санитаркам – 81,000, в случае заражения еще $10,000.

Медикам, которые не смогут восстановить своё здоровье, заразившись на работе коронавирусом, выплатят по $26000».

Ҳукмнома: Ҳақиқат ва Иштибоҳ дар делелҳо

Дар ҳақиқат, Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пардохтҳои ҳармоҳаро барои табибон дар давраи мубориза бар зидди Covid-19 муқаррар кардааст, вале на он миқдор маблағи зиёде, ки дар Telegram паҳн шудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Наухст, он маблағи муқарраршуда аз тарафи Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро тафтиш кардем, ки он то куҷо дуруст аст.

Дар сомонаи расмии Раисҷумҳури Ӯзбекистон чунин омадааст (бойгонӣ):

– Дар давраи карантин ба табибон, эпидемиологҳое, ки бо беморони коронавирус дар алоқа ҳастанд, дар муассисаҳое, ки шахсони сироятёфта кор мекунанд, ҳар моҳ пардохтҳои ҳавасмандкунанда дар ҳаҷми 25 миллион сӯм (тақрибан 2,5 ҳазор доллар), барои ҳамшираву лаборантҳо – 15 миллион сӯм (тақрибан 1,5 ҳазор доллар), ба кормандони соҳаи тиб – 10 миллион сӯм (каме бештар аз 1 ҳазор доллар) ва барои дигар кормандон – 5 миллион сӯм (тақрибан 500 доллар) дода мешавад.

Бар илова, ба он кормандони тиб, ки ҳангоми кор бо шахсони сироятёфта ба коронавирус мубтало мешаванд, алоҳида 100 миллион сӯми дигар (тақрибан 10 ҳазор доллар) ҷуброн карда мешавад.

Инчунин, дар Telegram-канали расмии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон таҳти унвони «Koronavirus Info | Uyda Qoling!» маълумоти мазкур зикр ёфтааст.

Хулоса

Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар воқеъ пардохтҳои ҳармоҳаро барои табибон дар давраи мубориза бар зидди Covid-19 муқаррар кардааст, вале он маблағе, ки дар Telegram паҳн гаштааст, назар ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев зиёдтар нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат ва Иштибоҳ дар делелҳо» ном мегирад.

P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь