Фактчекnews | Шумораи сироятшудагон ба COVID-19 аз 1 млн. гузашт

Шумораи сироятёфтагон ба вируси COVID-19 аз марзи 1 миллион ҳам гузаштааст. Дар ин бора Johns Hopkins Coronavirus Resource Center хабар медиҳад (бойгонӣ).

Тибқи иттилои харитаи ин Донишгоҳ ба санаи 3-уми апрел, шумораи сироятёфтагон ба коронавирус ба 1 миллиону 15 ҳазор 403 нафар баробар шудааст.

Аз ин харита дидан мумкин аст, ки рӯзҳои ахир суръати вируси COVID-19 дар ҷаҳон тез паҳн мешавад.

Ба иттилои ин манбаъ, то ҳол дар ҷаҳон 52 ҳазору 973 ҳолати марг ба қайд гирифта шуда, аз миёни сироятёфтагон 210 ҳазору 579 нафар шифо ёфтаанд. Кишварҳое, ки аз ҳама бештар ҳолати марг сабт шудааст, инҳо:

  • Италия – 13 915
  • Испания – 10 348
  • Фаронса – 5 387
  • Чин/Ҳубей 199
  • Эрон – 3 160
  • ИМА – 2 921 мебошад.

Вале шумори аз ҳама зиёди сироятшудагон ба вируси нави COVID-19 дар кишвари Амрико ба қайд гирифта шуда, он 245 070 нафарро ташкил медиҳад, ки феълан дар ин харита садри аввалро ишғол менамояд.

https://public.flourish.studio/visualisation/1609168/?utm_source=showcase&utm_campaign=visualisation/1609168
Манбаъ: РБК

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Тоҷикистон яке аз 13 давлатест, ки дар онҳо то имрӯз сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Ин нуктаро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед рӯзи 1-уми апрел дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь