Ҳақиқат | Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин осорхонаҳои ИДМ дохил шуд

Чӣ санҷида шуд?

3-уми апрели соли равон дар ОИ «ASIA-plus» хабаре зери сарлавҳаи «Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин осорхонаҳои ИДМ дохил шуд» нашр гардид (бойгонӣ).

Инчунин, хабари мазкур дар расонаҳои «Sputnik Тоҷикистон» (бойгонӣ), «АиФ» (бойгонӣ), 24.kz (бойгонӣ) ва ба ин монанд ба нашр расиданд.

Дар хабари расонаҳо омадааст, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар зинаи даҳум ҷойгир шуда, аз беҳтарин осорхонаҳои ИДМ ҳисобида шудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, дурустии ин маълумотро мавриди санҷиш қарор додем. Тибқи иттилои «ТурСтат», ки расонаҳои дар боло зикршуда бо такя ба сомонаи мазкур дар ин бора хабар додаанд (бойгонӣ), ба рӯйхати даҳгонаи беҳтарин осорхонаҳои ИДМ Осорхонаи давлатии таърихӣ дар Маскав, Осорхонаи миллии таърихии Ҷумҳурии Беларус дар Минск ва Осорхонаи миллии захираҳои таърихӣ-фарҳангии «Несвиж» (Қасри Несвиж), Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нурсултон ва Осорхонаи марказии давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Алмаато, Осорхонаи миллии таърихи Озарбойҷон дар Боку, Осорхонаи таърихи Арманистон дар Ереван, Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон дар Тошканд, Осорхонаи миллии таърихи Молдова дар Кишинёв ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе дохил шудаанд.

Гуфта мешавад, ин радабандӣ дар натиҷаи таҳлили маъруфияти осорхонаҳо ва пешниҳоди сайри осорхонаҳо дар олами маҷозӣ асос ёфтааст.

Ҳукмнома

Зимни санҷиши хабар аён гардид, ки воқеан ҳам Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин осорхонаҳои ИДМ ворид шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» ном мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь