Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо ташкили брифинги вижа хабари марги як нафарро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус инкор кард.
Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд 6-уми апрел зимни брифинг ба журналистон изҳор дошт, ки то ҳол дар миқёси шимоли кишвар дар бадани ягон нафар вируси нави COVID-19 ошкор нашудааст. Ин брифинг дар пасманзари хабари Радиои Озодӣ дар мавриди он, ки гӯиё як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус фавтидааст, доир карда шуд.
Дар зер метавонед, навори вижаи «Factcheck.tj»-ро бевосита аз брифинги Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд оиди паҳни овозаҳо атрофи коронавирус ба таври муфассал тамошо кунед:
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар низ бо пахши баёнияи матбуотӣ овозаҳои марги як нафар ва сироятёбии чанд нафар аз табибонро ба COVID-19 беасос хондааст.
Ба иттилои Вазорат, фавти ин марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст.
– Дар ҳамин ҳол, Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат изҳор намуд, ки айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Номбурда аз нашри хабарҳо дар мавриди он ки гӯиё вазъи саломатияш вазнин мебошад, изҳори нигаронӣ намуд,- омадааст дар баёнияи Вазорати тандурустӣ.
Инчунин, дар баёнияи матбуотӣ гуфта мешавад, ки то имрӯз – 6-уми апрели соли равон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои СҶТ ба санаи 05.04.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 1 133 758 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 62 784 нафар расидааст.
Шумори сироятёфтагон ба вируси COVID-19 бино ба маълумоти Johns Hopkins Coronavirus Resource Center ба санаи 6-уми апрели соли равон, 1 280 046 нафар буда, теъдоди фавтидагон 69 789 нафарро ташкил медиҳад (бойгонӣ).