Фактчекnews | Назарсанҷӣ: 46% гуфтанд, корҳояшонро дар хона анҷом дода метавонанд

Factcheck.tj барои фаҳмидани назари аҳолӣ бобати он ки дар ҳолати эълон шудани карантин, оё шаҳрвандон дар хонаҳояшон кор карда метавонанд, назарсанҷие анҷом дод.

Ин пурсиш аз 26-уми март то 4-уми апрели соли 2020 баргузор гардид. Пурсиши афори мо дар гурӯҳҳои «FactCheck.tj | ДалеСанҷӣ.ТҶ», «Я Люлю Худжанд! I Love Khujand! Хуҷандро дӯст медорам!», «ШАРҲИ НАВИДИ СУҒД / ОБЗОР ВЕСТИ СОГДА / REVIEW SUGHD NEWS» ва Телегарм-канали «JMBpictures» гузаронида шуд.

Дар назарсанҷии мазкур 190 нафар ширкат намуданд, ки бо чунин натиҷаҳо анҷомид:

  • Бале, метавонам – 89 нафар (46,84%)
  • Не, наметавонам – 70 нафар (36,84%)
  • Бале, метавонам, вале танҳо як қисми корро – 25 нафар (13,16%)
  • Намедонам – 6 нафар (3,16%)

Ин пурсиши мо дар пасманзари авҷгирии сироятшавии сокинони сайёра ба COVID-19 гузаронида шуд, ки алъон дар аксар кишварҳои рӯйи олам ҳолатҳои фавқулода ва ё карантин эълон шудааст. Ҳатто бисёре аз корхонаҳо бо назардошти имкониятҳояшон ба кори фосилавӣ гузаштаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, то имрӯз – 6-уми апрели соли равон, дар қаламрави Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале бо вуҷуди ин миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ин вируси нав идома доранд.

Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои СҶТ ба санаи 05.04.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 1 133 758 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 62 784 нафар расидааст.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь