Фактчекnews | Кормандони ДОМ маоши якрӯзаи худро ба Бунёди ҳамбастагии пешгирии COVID-19 эҳдо карданд

0
927
ДОМ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ироаи кӯмак ба хонаводаҳое, ки аз пайомадҳои башарӣ ва иқтисодии COVID-19 ранҷ мебаранд, Бунёдеро таъсис додааст.

Тибқи иттилои Бахши рушд ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ, кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маоши якрӯзаи худро ба таври ихтиёрӣ ба ин бунёд эҳдо намудаанд, ки ба хонаводаҳои ниёзманд тавзеъ мешавад.

«Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар доираи иқдоми пешгирии COVID-19 дар шаҳрҳои Хоруғ (Тоҷикистон) ва Норин (Қирғизистон) варақаҳои иттилоотиро паҳн намуд».

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ инчунин барои 500 хонаводае, ки аз ҷониби дафтари шаҳрдории Норин ҳамчун оилаҳои осебпазир шинохта шудаанд, маводи ғизоӣ ва тиббӣ кӯмак кард. Илова бар ин, дар доираи раванди коҳиш додани COVID-19 ва таъсиси минтақаи муоина дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин 90 кат омода шудаанд. Ба хотири тақвияти иқтисоди маҳаллӣ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ лавозимоти бистари хоб, ки занони рустонишини Норин дӯхтаанд, харидорӣ кардааст.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here