Дасткорӣ | Қазоқистон барои интиқоли молҳо тавассути нақлиёти боркаш ба Тоҷикистон ва Туркманистон маҳдудият ҷорӣ намуд

Чӣ санҷида шуд?

Соати 08:17 дақиқаи рӯзи 15-уми апрел Оҷонсии иттилоотии «Авесто» бо забони русӣ хабареро таҳти унвони «Қазоқистон барои интиқоли молҳо тавассути нақлиёти боркаш ба Тоҷикистон ва Туркманистон маҳдудият ҷорӣ намуд» ба нашр расонд (бойгонӣ).

Дар хабар, бо такя ба сомонаи Иттифоқи нақлиётчиёни Қазоқистон (KAZLOGISTICS) гуфта мешавад, ки Қазоқистон дар қаламрави худ шаҳрвандони хориҷӣ ва воситаҳои нақлиёти боркаш аз дигар кишварҳоро, ки ба Тоҷикистон ва Туркманистон ҳаракат мекунанд, махдудият ҷорӣ намудааст.

– Кишварҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ шудааст, ин Тоҷикистону Туркманистон мебошанд. Бо ҳамин мақсад, манъи молҳо тавассути Қазоқистон ба ин кишварҳо ҷорӣ карда шуд,– навиштааст хабаргузорӣ.

Ҳукмнома: Дасткорӣ

Бар асоси манбаи такякардаи ОИ «Авесто», далелсанҷон дурустии хабари мазкурро мавриди санҷиш қарор доданд, ки ин хабаргузорӣ ба «Дасткорӣ» роҳ додааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Тавре дар боло қайд кардем, сарчашмаи хабари мазкур сомонаи Иттифоқи нақлиётчиёни Қазоқистон KAZLOGISTICS мебошад (бойгонӣ), ки дар такя ба Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин бора иттилоъ додааст. Вале дар хабари сомонаи KAZLOGISTICS гуфта мешавад, ки ин маҳдудият танҳо ба кишвари Туркманистон дахл дорад.

Ҳарчанд зимни омода намудани далелсанҷӣ ОИ «Авесто» хабари мазкурро тағйир дода, номи Тоҷикистонро аз он гирифтааст, вале дар бойгоние, ки мо қабл аз такмили хабар гирифта будем, он хабар дар шакли пешин маҳфуз аст.

Бар илова, дар истиноди хабар дида мешавад, ки номи «Тоҷикистон»-ро хабаргузорӣ воқеан ҳам пеш аз такмили хабар зикр кардааст.

Хулоса

Хабари ОИ «Авесто» умуман ба Тоҷикистон дахл надорад, чун дар сомонаи расмии Иттифоқи нақлиётчиёни Қазоқистон ишорае ба кишвари мо дида намешавад. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Дасткорӣ» ном мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь