Фактчекnews | Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дод, ки бидуни зарурат аз хона дур нараванд

Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъкид доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои коронавирус вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонидааст.

Раисҷумҳур инчунин зимни суханронии худ доир ба масъалаи мазкур боз чанд нуктаи дигарро зикр кард, ки Factcheck.tj аз муҳимтарини онҳоро гирдоварӣ намуд:

  • Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва дигар ниҳодҳои давлативу ғайриҳукуматиро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳассос ҳамкории худро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мустаҳкам намоед ва дар доираи имкониятҳои худ чораҳои зарурӣ андешед. Махсусан, аъзои Маҷлиси миллӣ, ки роҳбарии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаву корхонаҳоро ба ӯҳда доранд, бояд дар ин самт тамоми имконоту воситаҳоро истифода намоянд;
  • Мо набояд аз ин, ки чунин беморӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем;
  • Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем;
  • Мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд;
  • Мо бо мардумони мамолики дунё, хусусан, ҳамсояҳои наздики худ эҳсоси ҳамдардӣ дошта бошем ва дар доираи имкон ба онҳо дастгириву кӯмак расонем;
  • Мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем;
  • Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд;
  • Зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад;
  • Ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд эҳтиёт бошем ва ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем;
  • Моро зарур аст, ки мувофиқи дастуру тавсияҳои мутахассисон амал намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ, яъне хонаву дари худ, маҳалли зист, риояи тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ эътибори фавқулода диҳем ва бо ҳамин роҳ ҳам худамон ва ҳам дигаронро аз ин хатар эмин дорем;
  • Вобаста ба вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дода мешавад, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд, ҳамроҳи аҳли оилаи худ бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд;
  • Мо қариб 4 моҳро паси сар кардем ва бояд бо сабру таҳаммул моҳҳои апрелу майро низ тинҷу ором гузаронем.
Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум   17.04.2020
Хадамоти матбуоти Раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар фарҷом, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло дар кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳар рӯз вазъи ҷориро вобаста ба тадбирҳои таъмини бехатарии саломатии шаҳрвандон, чораҳои пешгирикунанда, таъминот бо озуқаворӣ, доруворӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда истодааст.

Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои СҶТ ба санаи 17.04.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 2 074 529 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 139 378 нафар расидааст.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь