Дасткорӣ | Дар Душанбе бинои истиқоматӣ фурӯ рафт

Чӣ санҷида шуд?

20-уми апрели соли равон сомонаи Pressa.tj хабареро зери унвони «Дар Душанбе бинои истиқоматӣ фурӯ рафт» нашр намуд (бойгонӣ), ки дар сарлавҳа ва лиди он гуфта мешавад, «дар шаҳри Душанбе як бинои истиқоматӣ фурӯ рафт…».

Сомонаи Pressa.tj ин хабарро бо такя ба гузориши расмии сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон чоп намуда, дар идомаи мавод чунин иқтибос овардааст: «ҳодиса бегоҳии рӯзи ҷумъа (17-уми апрел,- шарҳи factcheck.tj) рух дода, плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кӯчаи Испечак 1, воқеъ дар пушти тарабхонаи Шаҳриёр, фурӯ рехтааст…».

Аз худи ин иқтибос бармеояд, ки сарлавҳаву лиди хабари мазкур чандон бо он мувофиқат намекунад ва боис ба далелсанҷӣ гардид.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (бойгонӣ), «бегоҳии рӯзи ҷумъа, дақиқан соати 20:58 дақиқа ба навбатдори фаврии қисми навбатдории Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумита хабар расид, ки плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кўчаи Испечак 1, воқеъ дар пушти тарабхонаи Шаҳриёр, фурӯ рехтааст».

Яъне, на бинои алоҳида фурӯ рафтааст, ки тавре сомонаи Pressa.tj хабар медиҳад, балки танҳо плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи бино фурӯ рехтааст. Ҳатто дар аксе, ки ҳам сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳам сомонаи Pressa.tj нашр кардаанд, дида мешавад, ки танҳо зинапояи ошёнаи панҷуми бино фурӯ рафтаасту бас.

Сомонаи «Вечёрка» низ дар ин бора бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ додааст (бойгонӣ), аммо сарлваҳаи он «Дар Душанбе плитаи бетонии бинои истиқоматӣ фурӯ рехт» («В Душанбе обвалилась бетонная плита жилого дома») унвон гирифтааст, на «Дар Душанбе бинои истиқоматӣ фурӯ рафт».

Ҳукмнома

Аз тарзи пешниҳоди сарлавҳа ва лиди хабари Pressa.tj, ки чандон ҷоиз нест, бармеояд, ки сомона ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон дасткорӣ намуда, чунин номгузориро зарур донистааст. Аз ин хотир, ҳукмномаи мо «Дасткорӣ» ном мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь