Дурӯғ | Насим Олимзода: «Агар ду моҳ пеш нархи як дастгоҳ $10 000 буд, ҳоло беш аз $100 000 арзиш дорад»

Чӣ санҷида шуд?

8-уми апрели соли равон Радиои Озодӣ гузоришеро бо номи «3 миллион доллари Бонки Ҷаҳониро ба камбизоатони тоҷик медиҳанд» нашр намуда (бойгонӣ), аз қавли вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода навишт, ки айни ҳол дар кишвар беш аз 500 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дорад ва қарор аст, бо пули Бонки Ҷаҳонӣ 100 дастгоҳи дигар бигиранд. «Агар ду моҳ пеш нархи як дастгоҳ 10 ҳазор доллар буд, ҳоло беш аз 100 ҳазор доллар арзиш дорад»,- афзудааст Насим Олимзода.

11-уми апрел сомонаи «Садои мардум» низ аз ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки санаи 8-уми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар бораи «Тасвиби Созишнома оид ба лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси Covid-19 дар Тоҷикистон» баргузор шуд, ба таври муфассал маълумот дод. Ин нашрия аз қавли Насим Олимзода, вазири тандурустии кишвар чунин навишт (бойгонӣ):

– Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ мавҷуд аст, ки дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Тибқи созишномаи пешниҳодгардида, пешбинӣ шудааст, ки боз зиёда аз 100 дастгоҳи сунъии нафаскашӣ харидорӣ шавад. Ин дастгоҳ ду-се моҳ пештар тақрибан 10 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошт. Ҳоло қимати он аз 100-150 ҳазор доллар боло рафтааст. Дар сурати харидории ин миқдор дастгоҳ имкон меёбем, ки дар мубориза ба муқобили пандемия мавқеи устувор дошта бошем.

Хабаргузориҳои Sputnik Тоҷикистон (бойгонӣ) ва Dialog.tj (бойгонӣ) ҳам 12-уми апрел дар такя ба гузориши муфассали сомонаи «Садои мардум» дар мавриди гарон шудани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ хабар додаанд.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Factcheck.tj изҳороти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзодаро мавриди санҷиш қарор дод, ки то чӣ андоза қимати дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) боло рафтааст. Дақиқ гардид, ки маълумоти пешниҳоднамудаи вазири тандурустӣ чандон дуруст нест.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дар робита ба маълумоти ироагаштаи вазири тандурустӣ дар ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо чанд сомонаву мағозаҳои интернетиро, ки бевосита ба фурӯши дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) машғуланд, арзиши онҳоро аз назар гузаронидем:

1. Ширкати Медэк Старз Интернешнлқароргоҳаш шаҳри Маскави Русия буда, бевосита ба фурӯши дастгоҳҳои тиббӣ сару кор дорад, дар сомонааш арзиши дастгоҳҳои нафаскашии сунъиро (ИВЛ) бо қимати аз 1 000 000 то 6 000 000 рубл (13 255 – 79 530 доллар) пешниҳод мекунад (бойгонӣ). Ҳатто бахши алоҳидае бо номи COVID-19 дорад, ки дар ин ҷо вобаста ба навъу сифат дастгоҳҳои заруриро метавон пайдо намуд.

2. Ширкати Тритон-ЭлектроникСқароргоҳаш шаҳри Екатеринбург буда,  таҷҳизоташ ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқӣ гуфта мешавад. Дар ин ҷо арзиши дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ аз 1 300 000 то 2 180 000 рубл (17 230 – 28 900 доллар)-ро ташкил медиҳад (бойгонӣ).

Хабаргузории «The Moscow Times» дар такя ба таҳқиқоташ аз қавли яке аз сарватмандони Русия навиштааст (бойгонӣ), ки ин гуна дастгоҳҳои нафаскашии сунъиро ба маблағи 1,8 миллион рубл (22 500 доллар) дар манзилҳои худ харида истодаанд.

Ҳатто сомонаи «Хабр» низ рӯйхати лоиҳаҳои DIY барои мубориза бо COVID-19 дар саросари ҷаҳонро нашр кардааст, ки дар он дар бораи чӣ гуна зуд ва арзон сохтани дастгоҳҳои нафаскашии сунъиро нишон додааст (бойгонӣ).

Хулоса

Маълумоти пешкашнамудаи Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷаласа дуруст набуда, дар асл қимати дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) чандон гарон нестанд. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Дурӯғ» ном гирифт.

Ин дар ҳолест, ки муассиси ширкатҳои «Tesla» ва «SpaceX» Илон Маск пешниҳод карда буд (бойгонӣ), ба беморхонаҳои ҷаҳон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъиро барои наҷот додани беморони вазнин бо COVID-19 ба таври ройгон ирсол мекунад.

P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь