Имрӯз, 23-уми апрел хабаргузориҳои ASIA-Plus ва Pressa.tj аз марги боз 3 нафар аз бемории пневмония ё илтиҳоб (варам)-и шуш дар Маркази саломатии №1 дар шаҳри Душанбе, маъруф ба маҳаллаи «1-ум Советский» хабар доданд.
Бино ба навиштаи ОИ «Азия-Плюс», дар бораи марги ин 3 нафар яке аз духтурони беморхонаи мазкур иттилоъ додааст, ки ду нафари онҳо синнашон аз 60 боло буда, саввумӣ 36 сол доштааст. Вале ҳалокати ин 3 нафарро сардори беморхона Хуршед Рустамзода на тасдиқ кардаасту на рад. Танҳо гуфтааст: «Мо ҳама маълумотро ба Вазорати тандурустӣ фиристодем, занг занед, онҳо ба шумо медиҳанд».
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати тандурустии кишвар Бибихонум Дарвешзода хабари марги 3 нафарро рад кардааст:
– Онҳо ҳама зинда ҳастанд. Ман худи ҳозир бо роҳбарияти беморхона гуфтугӯ кардам,- афзудааст Дарвешзода.
Аммо ба иттилои хабаргузории Pressa.tj, Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нахуст марги се нафари дигар дар Маркази саломатии №1 дар Душанбе, маъруф ба маҳаллаи «1-ум Советский»-ро тасдиқ карда, баъд аз чанд лаҳза ин хабарро дубора рад кардааст.
Баъд аз расонаӣ гаштани хабари мазкур Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигаронӣ дар саҳифаи фейсбукиаш хабари фавти 3 нафарро комилан беасос хонд (бойгонӣ): «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари фавти се шаҳрвандро аз ҷониби сомонаҳои интернетии «Pressa.tj», «Азия-Плюс» ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гӯё имрӯз, 23 апрел дар Маркази саломатии №1 дар Душанбе, маъруф ба маҳаллаи «1-ум Советский» аз бемории пневмония фавтидаанд, рад намуда, онро комилан беасос ва ғайрикасбӣ арзёбӣ менамояд».
Дарвешзода дар идома суҳбати бевоситаи Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустии кишвар бо хабарнигори Prеssa.tj вобаста ба марги ин се нафарро рад кардааст. Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Prеssa.tj менависад: «… Саида Умарзода ба идораи сомона занг зада, ин хабарро рад кард. Номбурда гуфт, Нелли Дейнарович (хабарнигори русзабони сомона,- шарҳи factcheck.tj) хабарро ба хонандагон саҳв пешниҳод кардааст. Ӯ марги 4 нафарро, ки дирӯз ба ҳалокат расидаанд, дар назар доштааст. Сомона барои пешниҳоди маълумоти саҳв аз муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода ва хонандагони хеш узр мепурсад».
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22-уми апрел воқеан ҳам 4 нафар бемор, ки синну солашон аз 60 то 73-соларо ташкил медод, аз бемории пневмония фавтиданд (бойгонӣ).
– Чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ баромада буд,- қайд кардааст, Вазорати тандурустӣ.
Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои СҶТ ба санаи 22.04.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 2 471 136 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 169 006 нафар расидааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар, то ба санаи 22-уми апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст (бойгонӣ).