Бе ҳукмнома | Тағйирот: Донишҷӯёни Тоҷикистон пеш аз муҳлат имтиҳон месупоранд

Чӣ санҷида шуд?

27-уми апрел сомонаи Pressa.tj бо такя ба манобеи огоҳи худ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабареро таҳти унвони «Тағйирот: Донишҷӯёни Тоҷикистон пеш аз муҳлат имтиҳон месупоранд» нашр намуд (бойгонӣ).

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар барномаи таълимии муассисаҳои олии кишвар доир ба супоридани имтиҳонҳои давлатӣ тағйирот ворид гардид.

Тавре Pressa.tj менависад, ин тасмим дар як ҷаласаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ки дар он масъулини макотиби олии кишвар иштирок доштанд, гирифта шудааст.

– Вазорати маориф ва илми кишвар муасисаҳои олиро вазифадор намудааст, дар робита ба хатари паҳншавии коронавирус имтиҳонҳои давлатиро як моҳ пеш аз муҳлат қабул намоянд. Супоришҳои амалиро бошад, донишҷӯён дар давраи таътил, дар хона иҷро мекунанд. Интизор меравад, ки имтиҳонҳои давлатӣ дар макотиби олии кишвар то 18-уми майи соли равон ба анҷом расад,– омадааст дар иттилои мазкур. Матлаби паҳншуда, ки имрӯз аз мавзӯъҳои ҳассос асту дар бисёре аз гурӯҳу саҳифаҳои марбут ба корбарони тоҷики Facebook бознашр шуда, ҳар гуна сару садо ва баҳсҳои зиёдеро ба миён овард, боис ба далелсанҷӣ гардид.

Скриншот аз саҳифаи фейсбукии Эҳсони Хушбахт

Чӣ гуна санҷида шуд?

Баъд аз нашру паҳни матлаби мазкур, дар саҳифаи фейсбукии сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт (бойгонӣ) раддияе интишор гардид, ки хабари сомонаи «Pressa.tj»-ро нодуруст ва беасос хонд.

Иқтибос:

«Хоҳишмандам, ба ин хабари press.tj дода нашавед, чун алъон ягон асоси воқеию ҳуқуқӣ надорад…

Тавре қаблан гуфтем, дар сурати ворид шудани тағйирот дар низоми таҳсилоти олии касбӣ, Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм расман тавассути расонаҳо иттилоъ медиҳад…».

Доро Сӯҳробӣ, роҳбари бахши таҳлил ва иттилооти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ тайид кард, ки ҳанӯз ягон дастури расмие оиди барвақт сар шудани имтиҳонот ба унвони Раёсати донишкада аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон наомадааст. «Айни ҳол, дар донишкада донишҷӯён чун ҳамеша машғули дарсҳояшон ҳастанд. Дар ҳолати гирифтани мактуби расмӣ ё дастур аз тарафи муассис он гоҳ аз рӯйи он Раёсати донишкада амал менамояд».

Вале 30-уми апрели соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки дар кишвар 15 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

– Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти CОVID-19 барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд,менависад АМИТ «Ховар» (бойгонӣ).

Гуфта мешавад, барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст (бойгонӣ).

Ҳукмнома

Қаблан, Factcheck.tj бар асоси раддияи Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон (бойгонӣ) хулосаи далелсанҷиро ҳамчун «Дурӯғ» эълон карда буд. Баъд аз дар Тоҷикистон ошкор шудани 15 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ва аз санаи 4-уми май ба таътили тобистона гусел кардани танҳо донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 ва барои хатмкунандагон ҳоло ҷамъбасти имтиҳоноти давлатӣ то 15-уми май пешбинӣ шудааст, ба ин мавод хулосаи «Бе ҳукмнома»-ро зарур донист.

P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь