Фактчекnews | Ҳамла ба хабарнигори «ASIA-Plus» Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи хабаргузории «ASIA-Plus» шоми гузашта дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Худи ӯ шоми 11-уми май бо паёми кӯтоҳе дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин бора хабар дод ва гуфт, тафсилотро баъдтар менависад.

Ин хабарнигори тоҷик бо нашри аксе, ки аз захмӣ шуданаш дарак медиҳанд, чунин навишт: «Пайи чанги ду шағол, ки як соат пеш ба ман дарафтоданду «корро тамом накарда» аз тарс гурехтанд.

P.S. Ман ба ашки чашми хоҳари душизаат роҳамро об мезанаму ба сӯи ҳадаф меравам! Мерасам!

Тафсилот баъдтар…».

Ба иттилои хабаргузории «ASIA-Plus», ҳамла тақрибан соатҳои 21:20 дақиқа дар назди хонаи хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, воқеъ дар наздикиҳои бозори «Корвон» сурат гирифтааст.

– Ду нафар ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамла карда, ӯро задаанд. Пас аз он ки Абдуллоҳ фарёд задааст, ҳамлаварон пинҳон шудаанд»,- менависад хабаргузорӣ.

Ба қавли Абдуллоҳ Ғурбатӣ, дирӯз ӯ баъд аз ифтор бо рафиқонаш вақте ба хонааш бармегашт, дар назди даромадгоҳи хонааш ду нафар ҳамла карда, ӯро мавриди зарбу лат қарор додаанд. «Ман пули зиёд ҳам надорам, бо касе муноқиша ҳам надоштам ва бо ягон духтар низ робитае набуд. Вале онҳо ба ман таҳдид карданд. Фикр мекунам, ҳамлаи онҳо ба фаъолияти касбиам рабт дорад»,- афзудааст журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Ҳамла ба хабарнигорро ҷомеаи журналистӣ сахт маҳкум намуда, бархе аз онҳо инро ҳамлаи ошкоро ба озодии баён ва фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон донистанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки зиёда аз як сол инҷониб дар хабаргузории «ASIA-Plus» фаъолят мебарад, бештар дар бораи мушкилоти мардум менавишт. Рӯзҳои ахир вай пайваста аз мушкилии шифохонаҳо ва масоили вобаста ба бемории COVID-19 хабар медод.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь