Дарси 2 | Кор бо Google Maps ва ҷустуҷӯи аксҳо

Бо истифода аз манбаъҳои кушод макони аслии ҷойгиршавии акси зерро ҷустуҷӯ ва тавассути Google Maps муайян мекунем.

  • Мавод: сурат
  • Вазифа: муайян кардани кишвар, шаҳр, кӯча, хона ва ошёнае, ки аз он акс бардошта шудааст
  • Абзорҳо: ҷусторҳои Google, Яндекс ва Google Maps

Қадами 1, 2 ва 3

Барои дарёфти акси мазкур ба мо ҷусторҳои Google ва Яндекс кӯмак мерасонанд. Вале дар мавриди акси мазкур, ин ҷусторҳо бароямон ягон маълумоти дақиқ пешниҳод накарданд.

Қадами 4

Мо як қисми асосии акси худро буридем, то ҷусторҳои мазкур онро ҳамчун акси алоҳида пайдо карда тавонанд. Мисол, акси биное, ки дар сурати мо тасвир ёфтааст.

Қадами 5

Акси буридашударо дар ҷустори Яндекс мекобем. Ин ҷустор биноҳои ба ҳам монандро бароямон пешкаш месозад. Аз расму тасвирҳои пешкашнамудаи ҷустори мазкур маълум мешавад, ки ин акси осорхонаи Шопен («Fryderyk Chopin Museum») дар Варшава аст.

Қадами 6

Суроғаи осорхонаи Шопенро дар Google ҷустуҷӯ мекунем: Pałac Gnińskich, 00-368, Okólnik 1, 00-368 Warszawa, Польша (Палак Гнишкич, 00-368, Околник 1, 00-368 Варшава, Лаҳистон).

Қадами 7

Ба Google Maps ворид шуда, суроғаи осорхонаи Шопенро ҷустуҷӯ мекунем. Яке аз бартариҳои харитаи Google ин намунаи 3D-и шаҳрҳо мебошад, ки дар тарафи рости поёни Google Maps ҷойгир аст. Харитаро ба ҳолати «моҳвораӣ» («спутник»), ки дар тарафи чапи поёни Google Maps ҷойгир аст, бармегардонем. Баъдан, тугмаи Ctrl-ро бо тугмаи чапи муш якҷоя пахш намуда, осорхонаро аз чанд самту гӯша менигарем.

Қадами 8

Намуди зоҳирии биноро бо аксҳои худ муқоиса карда, муайян мекунем, ки аз кадом тарафи осорхонаи Шопен акс бардошта шудааст (ишора – Пул ё кӯпрук).

Қадами 9

Акнун, бояд муайян кунем, ки ин акс аз кадом хона гирифта шудааст. Дар тарафи рости акси мо як қисми намоёни бино мавҷуд аст. Аз рӯи нишонаҳои берунӣ, дар харита ягона биноеро пайдо кардан мумкин аст, ки аз он ҷо чунин аксҳоро имкони бардоштан вуҷуд дорад.

P.S. Агар шумо дар болои бино бо тугмаи чапи муш дар Google Maps пахш кунед, метавонед суроғаи кӯчаро пайдо намоед: Tamka 37.

Қадами 10

Дақиқ мекунем, ки аз кадом тиреза акс гирифта шудааст. Барои ин, ба мо намуди кӯчаву роҳравҳо ва хиёбонҳо кӯмак мерасонанд. Одамчаи рангаш зарди хурдакакро аз тарафи кунҷи рости поёни Google Maps кашида, онро ба тирезаҳои хона наздик мекунем ва кунҷи аз ҳама қулайро пайдо месозем. Масалан, пул ё кӯпрук.

Бо назардошти он, ки пул тақрибан дар сатҳи ошёнаи 3-уми бино ҷойгир буда, дар аксҳои аслӣ он ба таври назаррас пасттар аст, метавон тахмин зад, ки акси мазкур аз хонае дар ошёнаи 4-ум гирифта шудааст.

Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:

Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь