Дарси 3 | Кор бо TinEye

TinEye – аз муҳимтарин абзорҳои далелсанҷӣ буда, бо он метавон бори аввал кай ва дар куҷо нашр шудани аксро муайян кард. Ҳатто дар ин захираи онлайнӣ тасвирҳо чӣ гуна тағйир дода шудаанд, пайдо кардан аз эҳтимол дур нест.

  • Мавод: санҷиши акс
  • Вазифа: муайян кардани аксе, ки бори аввал кай ва дар куҷо нашр шудааст
  • Абзор: ТinEye

Қадами 1

Аксеро, ки мавриди санҷиш қарор додан мехоҳем, аз сомонаи расонаи иттилооти «Ориён» зеркашӣ (скачать) мекунем ва ё пайванд (ссылка)-и акси мазкурро нусхабардорӣ менамоем.

Қадами 2

Ба абзори ТinEye ворид мешавем.

Қадами 3

Ҷои холигие, ки дар ТinEye барои гузоштани пайванд (URL)-и сурат муқаррар шудааст, нусхаи он пайвандро, ки дар қадами аввал нусхaбардорӣ карда будем, мегузорем. Ва ё он аксе, ки дар қадами якум зеркашӣ карда будем, дар ин захира ҷой мекунем. Сипас, тугмаи ҷустуҷӯро пахш менамоем.

Қадами 4

Ба натиҷаи ҷустуҷӯ менигарем ва мебинем, ки хеле зиёд аст.

Қадами 5

Барои дақиқ кардани сурати мазкур, ки бори аввал кай ва дар куҷо нашр шудааст, аз тарафи дасти чап, тугмаи «Sort by oldest»-ро пахш карда, аз он «Oldest»-ро интихоб мекунем.

Қадами 6

Санаи аввалин ва ҷойи нашри суратро муайян карда, онро бо санаи нашри аксе, ки қаблан зеркашӣ карда будем, муқоиса мекунем.

Қадами 7

Маълум мешавад, ки ин сурат бори нахуст дар сомонаҳои рӯзномаҳои маъруфи «Тhe Wall Street Journal» ва «Тhe Guardian» санаи 24 январи соли 2020 ба нашр расидаанд. Вале дар сомонаи расонаи иттилоотии «Ориён» 27-уми январи соли 2020 нашр шудааст. Яъне, сомонаи «Ориён» акси мазкурро аз расонаҳои зикршуда, ки онро пештар нашр кардаанд, нусхабардорӣ карда, бидуни ишора ба сарчашма бо як сарлавҳаи ҳангоманок дар расонаи худ нашр намудааст.

Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:

Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь