Дасткорӣ ва Ҳақиқат | Дексаметазон давои коронавирус. СУТ онро эътироф кард!

Чӣ санҷида шуд?

Сомонаи Oila.tj 17-уми июни соли равон матлаберо таҳти унвони «Дексаметазон давои коронавирус. СУТ онро эътироф кард!» ба нашр расонид (бойгонӣ). Ба иттилои ин сомона, натиҷаи санҷиш дар Донишгоҳи Оксфорди Бритониё нишон додааст, ки доруе бо номи «Дексаметазон» хавфи маргу мирро байни сироятёфтагони COVID-19 то 35% кам мекунад.

Иқтибос:

«Олимони Бритониё доруеро, ки сатҳи маргу мир аз бемории коронавирусро паст мекунад, пайдо карданд. Бастаи ин дору ҳамагӣ 5 фунт стерлинг (65 сомонӣ) нарх дорад. Созмони умумиҷаҳонии танурустӣ аввалин санҷишҳои клиники ин доруро дар Британия гузаронидааст. «Санҷишҳо нишон доданд, ки доруи «Дексаметазон» сатҳи маргро миёни нафарони гирифтори COVID-19 паст мекунад»,- хабар медиҳад, котиботи Созмони мазкур…».

Ба навиштаи сомонаи Oila.tj, директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейесус натиҷаҳои санҷишро «хабари хуб» номида, илова намудааст, ки ташкилот интизори таҳлили пурраи маълумот дар рӯзҳои наздик аст.

Ҳамчунин, ин хабарро расонаҳое, мисли Sputnik Тоҷикистон (бойгонӣ), Dialog.tj (бойгонӣ), Pressa.tj (бойгонӣ) ва чандеи дигар чоп кардаанд.

Азбаски ҷаҳон дар аҳди бемории ҳамагири COVID-19 хеле нигаронӣ дорад ва барои Тоҷикистон низ ҳамчун як кишваре, ки ин беморӣ ошкор шудааст, ҳар иттилои вобаста ба табобати ин беморӣ аҳамияти хосса дорад. Аз ин лиҳоз, дурустии ин маълумотро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Дасткорӣ ва Ҳақиқат

Таҳрифи моҳияти масъала ва истифодаи сарлавҳаи ҳангомабарангез усули махсуси дасткориест, ки аз ҷониби ҳафтанома истифода шудааст. Аммо дар матни маводи сомонаи Oila.tj ҳақиқати ҳол баён гаштааст. Чун дар он доруи «Дексаметазон» барои паст кардани сатҳи марг миёни сироятёфтагони COVID-19 гуфта шудааст, ки ин нукта бо маълумоти СҶТ мувофиқат мекунад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) 16-уми июни соли равон расман дар сомонааш аз натиҷаҳои пешакии таъсири «Дексаметазон» барои муолиҷаи беморони вазнини гирифтори СOVID-19 изҳори қаноатмандӣ намудааст (бойгонӣ). Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, натиҷаи санҷиш дар Донишгоҳи Оксфорди Бритониё муайян кард, ки доруи «Дексаметазон» барои паст кардани хавфи марг дар байни сироятёфтагони COVID-19, ки ҳолашон нисбатан вазнин аст, самараи хуб дод:

– Аз рӯи маълумоти пешакии ба СҶТ фиристодашуда бармеояд, ки истифодаи ин дору имкон медиҳад, сатҳи фавти бемороне, ки таҳти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) қарор доранд, аз 3/1 ҳисса ва сатҳи фавти бемороне, ки бо табобати оксиген машғуланд, аз 5/1 ҳисса кам мекунад.

Дар идомаи иттилоияи СҶТ гуфта мешавад, ки таъсири мусбати дору танҳо дар он гурӯҳи беморони гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ҳолаташон вазнинанд, вале ба гурӯҳи одамоне, ки вазъи бемориашон нисбатан сабуктар аст, чандон самараи он назаррас набудааст.

«Ин аввалин доруест, ки сатҳи фавтро дар байни беморони COVID-19, ки ба табобати оксиген ва дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ниёз доранд, паст мекунад»,- изҳор доштааст, директори генералии СҶТ Тедрос Адханом Гебрейсиус. «Ин хабари хуш аст ва ман Ҳукумати Бритониё, Донишгоҳи Оксфорду дигар бемористонҳое, ки нақши худро барои пешрафти илмӣ ба хотири наҷоти ҳаёт гузоштанд, муборакбод мегӯям».

Инчунин, дар иттилоия омадааст, ки муҳаққиқон ба СҶТ маълумоти пешакиро дар бораи натиҷаҳои санҷиш пешкаш намудаанд ва онҳо интизори таҳлили пурраи ин маълумот дар рӯзҳои наздик ҳастанд.

Хулоса

Зимни санҷиши мавод маълум гардид, ки воқеан ҳам Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расман аз натиҷаҳои пешакии таъсири «Дексаметазон» барои муолиҷаи беморони вазнини гирифтори СOVID-19 истиқбол кардааст. Вале ин ниҳод ҳанӯз сад дар сад тасдиқ накардааст (бойгонӣ), ки доруи мазкур давои асосӣ барои гирифторони СOVID-19 аст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Дасткорӣ ва Ҳақиқат» ном мегирад.

P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь