Наврӯз Ҷаъфаров овозаи дарунравии кӯдакон аз коронавирусро дурӯғ гуфт

0
73
Наврӯз Ҷаъфаров овозаи дарунравии кӯдакон аз коронавирусро дурӯғ гуфт
Наврӯз Ҷаъфаров | АКС: Factcheck.tj

Чӣ санҷида шуд?

Беш аз як моҳи ахир дар шаҳри Ваҳдат сару садоҳои гуногун дар мавриди гӯиё кӯдакон давоми як ҳафта ба бемории дарунрав гирифтор шуда, баъдан мефавтанд, васеъ паҳн мешавад. Ин ҳодиса бошандагони ин минтақаро ба ваҳм афтода, ки гӯиё дарунравии кӯдакон, яке аз нишонаҳои коронавирус бошад. Барои дақиқ кардан, дурустии ин овозаро мавриди санҷиш қарор додем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни ҷустуҷӯ дар гурӯҳи фейсбукии «Тоҷикистон қавӣ бош! Куруноро шикаст медиҳем» (ҳоло «Рангин Channel») навореро пайдо кардем (бойгонӣ), ки 13-уми майи соли равон аз ҷониби хабарнигори тоҷик Исфандиёр Халилӣ нашр гардидааст.

Скриншот: Facebook

Дар навор бо лаҳни эронӣ гуфта мешавад, ки бемории Covid-19 дубора дар Чин миёни кӯдакон пайдо шуда, ҳоло ба Аврупо низ расидааст ва аз эҳтимол дур нест, ки ба Эрону дигар кишварҳо низ пайдо шавад: «Аз ин рӯ, бидуни зарурат кӯдакони худро ба кӯча иҷоза надиҳед!».

Инчунин, дар ҷусторҳои Google ва Яндекс ин хабарро санҷидем ва дар натиҷа маълум шуд, ки 29-уми марти соли равон хабаргузории РБК маводеро бо номи «В Москве подтвердили коронавирус у 13 детей» чоп кардааст (бойгонӣ).

Аммо барои дақиқ кардани ин ҳодиса, ки то куҷо ба бемории дарунрав гирифтор шудани кӯдакон ба COVID-19 рабт дорад, ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардем.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Хадамот дар як суҳбати ихтисосӣ ба Factcheck.tj гуфт, то ҳол дар кишвар сироят ёфтани кӯдакону наврасони синни 14-15 ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, аммо онҳо метавонанд ҳомили сироят бошанд.

– Дар хонае, ки бемории сироятии COVID-19 вуҷуд дорад ва онҳое, ки дар гирду атрофи ин бемор ҳастанд, барои эҳтиёт шахси сироятёфта як гӯшанишиниро ихтиёр кунад, – афзуд Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи сардори Хадамот, бемориҳои дарунравии мавсимие, ки миёни кӯдакон мавҷуд аст, онро набояд ба сирояти бемории COVID-19 рабт дод: «Чунки барангезандаҳое, ки бемориҳои дарунравро ба вуҷуд меоранд, аз барангезандаҳои сироятҳои COVID-19 фарқ мекунанд».

Ҷаъфаров афзуд, ҳамасола дар Тоҷикистон то 40-45 ҳазор ҳодисаи маргу мир ба қайд гирифта мешавад, ки ин вобаста ба тамоми синну сол ва бемориҳо марбут аст: «Аз ин шумора 4 ҳазораш ба кӯдакони то 5-сола рост меояд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 10 кӯдаки то 5-сола мефавтанд. Бинобар ин, он ваҳму воҳимаҳои маргу мири кӯдакон дар байни аҳолӣ ягон иртибот ба бемории COVID-19 надорад», – илова кард, Наврӯз Ҷаъфаров.

Ҳукмнома

Ҳангоми далелсанҷӣ маълум гардид, ки овозаи дарунравии кӯдакон аз коронавирус миёни сокинони шаҳри Ваҳдат аз эҳтимол дур нест, ки бар асари нашру паҳни хабарҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии Русия пайдо шуда бошад. Аз ин рӯ, бар асоси иттилои расмӣ, овозаи мазкур «Дурӯғ» аст.

Мижгона ҲАЛИМОВА

P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.


Агар шумо ба дурустии ягон хабар шубҳае дошта бошед ва мехоҳед, ки онро барои санҷиш ба мо фиристед, пас аз шакли зерин истифода баред:

Ба Telegram-канали мо обуна шавед ва танҳо маълумоти боэътимодро ба даст оред!


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Нахустин фактчек-платформаи Тоҷикистон. Лоиҳаи мазкур ба хотири мусоидат намудан баҳри муқовимат ба паҳни хабарҳои бофта дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути роҳандозӣ ва рушди институти далелсанҷӣ равона гаштааст.

Leave a Reply