Чӣ санҷида шуд?
20-уми июли соли равон хабаргузории Sputnik.tj дар бахши русии сомона зери сарлавҳаи «Дар Тоҷикистон суғурта аз коронавирус оғоз ёфт» хабареро нашр (бойгонӣ) кардааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Тибқи иттилои Тоҷиксуғурта, дар шаш моҳи аввали соли 2020 ин ниҳод ба 5,4 ҳазор нафар ба маблағи 5,429 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кардааст, ки 17,4% маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил медиҳад».
Азбаски дар хабари мазкур ба назари мо шубҳанок намуд, чун агар Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта ба 5,4 ҳазор нафар ба маблағи 5,429 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт намуда бошад, ба сари ҳар як нафар 1 сомонӣ рост, меояд, ки чунин рақам аз нигоҳи мантиқ дуруст нест.
Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, хабари мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Ҳукмнома: Ҳақиқат, Дасткорӣ ва Иштибоҳ дар далелҳо
Дар ду хабар маълумот гуногун омадааст ва иқтибоси хабари бахши тоҷикӣ тасдиқи худро ёфт. Иқтибоси хабари бахши русӣ дар натиҷаи санҷиш нишон дод, вале пурра ба факту далелҳои иқтибоси тоҷикӣ мувофиқат намекунад ва ҳамзамон дар худ нишонаҳои дасткориро дорад, чун ҳангоми санҷиши мавод маълум гардид, ки сарлавҳа ҳангоми паҳн кардан дар саҳифаҳои иҷтимоӣ дигар асту дохили матн дигар сарлавҳаро дорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҳангоми санҷиш вақте ба бахши тоҷикии ин сомона ворид шудем, айнан чунин хабарро пайдо намудем, вале бо дигар факту далел (бойгонӣ).
Иқтибос:
«Тибқи иттилои «Тоҷиксуғурта», тайи ним соли гузашта ин корхона ба 5 ҳазору 439 нафар зарардида ҷуброни суғуртавиро ба маблағи 2 миллиону 422,2 ҳазор сомонӣ пардохт намудааст, ки 17,4 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил дода, 441,5 ҳазор сомониаш аз ҳисоби суғуртаи ҳатмӣ ва 1 миллиону 980,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби суғуртаи ихтиёрӣ аст».
Ин моро водор намуд, ки боз ҳам барои дақиқ намудани ин рақамҳо санҷиши худро идома диҳем.
Барои муайян кардани дуруст ё саҳв будани хабар мо бо муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», Абдуллоев Абдулло ҳамсуҳбат шудем, ки рақамҳои бахши тоҷикиро тасдиқ намуд, вале дар бахши русӣ хабар гарчанде рақамҳо наздиканд, вале хато навишта шудааст.
Хулоса
Азбаски мо як хабарро ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам русӣ мавриди санҷиш қарор додем, аз ин хотир маводи мо се ҳукм, «Ҳақиқат», «Дастткорӣ ва Иштибоҳ дар далелҳо»-ро мегирад.