Дарси 5 | Кор бо YouTube DataViewer

YouTube DataViewer – яке аз воситаҳои муфиди далелсанҷӣ мебошад, ки барои ҷустуҷӯи видеои асл ё ба он шабеҳ ва санаи дақиқи он, ки дар YouTube гузошта шудааст, пешбинӣ гаштааст. Ин абзор аз худи видеои аслӣ кадрҳои алоҳида месозад ва имкон медиҳад, ки тавассути Google Image Search ҷустуҷӯ намоед.

  • Мавод: навор (видео)
  • Вазифа: ҷустуҷӯи навори асл ва санаи дақиқи он
  • Абзорҳо: YouTube DataViewer, Google Image Search ва ҷустори Google

Қадами 1

Нахуст, ба абзори YouTube DataViewer ворид мешавем.

Қадами 2

Наворе, ки мо мехоҳем, сана ва вақти дақиқи пахши онро дар YouTube муайян кунем, меёбем ва пайванд (ссылка)-и видеоро нусхабардорӣ (копировать) мекунем.

Қадами 3 ва 4

Пайванди ин навори нусхабардорикардаро дар ҷои муқарраршудаи YouTube DataViewer мегузорем ва фармони «Go»-ро пахш мекунем.

Қадами 5

YouTube DataViewer бо пешниҳоди сана ва вақти пахши навор, инчунин навори моро ба чор қисми асосӣ тақсим кард. Яке аз онҳоро интихоб намуда, бо пахш намудани тугмаи рости муш акси навори худро дар Google Image Search ҷустуҷӯ мекунем.

Қадами 6

Google Image Search чанд намунаи навори монандро пешниҳод намуд, ки аз байни онҳо боз маълумоти иловагие дар робита ба навори мо пайдо шуд.

Қадами 7

Яке аз ин маълумотро боз мекунем ва мебинем, ки аслан ин ҳодиса дар куҷо рух додааст.

Қадами 8

Тавассути ҷустори Google месанҷем, ки дигар хабаргузориҳо дар ин бора чӣ навиштаанд. Натиҷаи ҷустуҷӯ маълум кард, ки воқеан ҳам чунин офати табиӣ соли 2015 рух додааст, аммо на дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, балки дар ҷумҳурии Карачаево-Черкесияи Русия ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:

Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь