Таҳлил | То чӣ андоза низоми маориф ба таҳсилоти фосилавӣ дар давраи COVID-19 омода аст?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом дошт, ки таҳсил дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 17-уми август оғоз меёбад. Ин дар ҳолест, ки хатари COVID-19 то ба ҳол дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ба пуррагӣ аз байн нарафтааст. Дар баробари ин, хуруҷи давраи дуюми коронавирус дар кишвар аз эҳтимол дур нест. Пас, Вазорати маориф ва илми кишвар дар сурати дубора авҷ гирифтани беморӣ чӣ чораҳо ё тасмимҳоеро пешбинӣ кардааст?

Дар ин маврид Латофат Назирӣ, муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишаст бо рӯзноманигорон гуфт, ки Вазорати маориф ва илм вобаста ба ҳолатҳои ғайричашмдошт аллакай омодагӣ дида истодааст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон як манотиқи кӯҳистон аст, ки на ҳама имконияти истифодаи Интернетро дорад. Бинобар ин, таваҷҷуҳи асосии Вазорати маориф дар ҳама ҳолатҳо ба роҳ мондани дарсҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва ҳамзамон радиоӣ равона карда шудааст.

«Инчунин тасмим дорем, ки дар шабакаи YouTube низ дарсҳоро ҷой кунем. Вале то ҳол дарсҳо дар YouTube гузошта нашудааст ва мо дар ҳолати зарурӣ метавонем, ки дарсҳои омодашудаи телевизиониро ҷой кунем. Ин гуна сурат гирифтани кор ҳам маблағро кам мекунад ва аз тарафи дигар дастрасӣ барои оила, хонанда ва нафарони хоҳишманд зиёдтар аст»,- иброз намуд Латофат Назирӣ.

Иршод Сулаймонӣ

Коршиноси тоҷик Иршод Сулаймонӣ бар ин назар аст, ки дар ҳеч сурат дарсҳои ғайриҳузурӣ кайфияту таъсири дарсҳои ҳузуриро нахоҳанд дошт, вале дар сурати бадтар шудани вазъ, Вазорат ғайр аз ба роҳ мондани дарсҳои фосилавӣ тариқи телевизионҳо роҳи дигаре надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати сатҳӣ назар кардан ба ин масъала зарар ду баробар мешавад.

– Дар сурате, ки дар давраи пандемия чораи дигар вуҷуд надорад, бояд талоши дучандон кард, то хонандаҳо донишҳоро ба дурустӣ фаро бигиранд,- гуфт ӯ.

Ҳамзамон ин коршинос мегӯяд, ки ғайр аз ин, Вазорат бояд Марказе ташкил намояд, ки кори он ҳамарӯза омода кардани дарсҳои ҳамаи фанҳо бошаду дар Интернет ё ягон пойгоҳи интернетии вижа бигузоранд, то ҳар хонандае, ки дастрасӣ дорад, онро истифода кунад. Ҳама зарфиятҳоро бояд истифода бурд, ки таҳсили фосилавӣ муассир шавад.

Вале бино ба гуфтаи котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсони Хушбахт, қаблан ин ниҳод барои омодагӣ ба даврони пандемия марказе таъсис дода буд, ки дар он танҳо хонандагони мактабҳои болаёқат ва хусусӣ боқимонда дарсҳояшонро тариқи фосилавӣ гузаштанд.

«Фақат мактабҳое, ки барои хонандагони болаёқат ва хусусӣ ҳастанд, ба онҳо иҷозат додем, ки дарсҳоро фосилавӣ гузаронанд ва онҳо гузаронида истодаанд. Масалан, хонандагони гимназияи «Раҳнамо» дарсҳои боқимондаашонро фосилавӣ гузаштанд. Мактабҳои барои хонандагони болаёқат фақат 3-4 дарсе, ки чоряки чорум монда буд, ҳамонро пурра карданд»,- иброз намуд ӯ.

Эҳсони Хушбахт

Ҳамзамон ӯ афзуд, ки ҳамсоякишварҳо таҳсилоти фосилавиро тариқи Интернет ба роҳ мондаанд, ки натиҷаи на он қадар хуб додааст. Аз ин лиҳоз, онҳо низ дарсҳоро тариқи телевизион ба роҳ мемонанд.

– Вақте дидем мушкилии Интернет пеш омад, мо аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар ин маврид пурсон шудем, ки онҳо гуфтанд, ба пуррагӣ бо Интернет таҳсили фосилавиро ба роҳ монда натавонистаанд ва дарсҳояшонро тавассути телевизион ба роҳ мондаанд. Баъдан, мо низ дарсҳоро тавассути телевизион ба роҳ мондем,- илова намуд ӯ.

Чаро Хадамоти алоқа мусоидат намекунад?

Дар Тоҷикистон то ба ҳол ҳукумати электронӣ ба таври густурда ба роҳ монда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳамсоякишварҳои мо дар вазъияти коронавирусӣ барои шаҳрвандони худ интернети баландсифатро бо нархи арзону дастрас пешниҳод карда истодаанд. Вале Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то кадом андоза омода аст, ки интернети арзону баландсифатро барои муҳассилини кишвараш пешбинӣ намояд, то ки низоми маориф ба низоми онлайнӣ гузарад?

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки нархи Интернетро поин бурда наметавонад, зеро арзиши баланди Интернет дар кишвар ба нархҳои транзити он вобаста аст. Ба гуфтаи муовини аввали Хадамоти алоқа, Илҳом Атоев ягона коре, ки аз дасти Хадамот меояд, ин аст, ки то охири соли 2020 нархи Интернет боло намеравад. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Cable.co.uk арзиши миёнаи 1 ГБ Интернет дар Тоҷикистон яке аз гаронтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои пасошӯравӣ мебошад.

Манбаъ: Cable.co.uk
Илҳом Атоев

«То замоне, ки мо ба транзити Интернет вобастаем, нархро кам ва пасттар аз арзиши аслиаш поин бурда наметавонем. Арзиши Интернет танҳо замоне поин хоҳад рафт, ки Digital CASA гузаронем»,- қайд кард Атоев.

Ҳадафи Digital CASA пайваст кардани Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба хати ягонаи оптикиву нахӣ унвон мешавад. Иштирокчиёни имконпазири лоиҳа Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.

Самаранокии пешбинишудаи барнома аллакай муайян шудааст: сокинони кишварҳои ҷануби пасошӯравӣ аз ҳисоби шабакаҳои алтернативӣ ба Интернети хаташ васеъ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Лекин, ба гуфтаи Атоев, амалисозии лоиҳаи Digital CASA дар робита ба пандемияи COVID-19 боздошта шудааст.

Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки мушкил дар масъалаи таҳсилоти фосилавӣ дар он аст, ки аксари хонандагон гаджет барои пайвастшавӣ ба Интернет надоранд.

Вале коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, Асомиддин Атоев бар он назар аст, ки дар сурате чунин имконият фароҳам меояд, ки ҳокимияти давлатӣ чораҳои заруриеро, ки солҳост бояд меандешанд, дар чунин шароити буҳронӣ андеша кунанд.

Асомиддин Атоев

Ба гуфтаи ин коршинос, ягон мақомоти давлатӣ дар алоҳидагӣ аз ӯҳдаи ҳалли ин мушкилӣ баромада наметавонад. Чунки ҳалли он бояд дастҷамъона бошад, вале посухҳои соҳаи маориф ва соҳаи телекоммуникатсия чизи дигарро мегӯянд.

«Боз ҳам аз посухҳои масъулини соҳаи маориф ва соҳаи телекоммуникатсия хулоса бароварда метавонем, ки чораҳои андешидаву меандешидаи онҳо чандон ба ҳалли мушкилӣ равона нашудаанду шуда ҳам наметавонанд. Тасмиме, ки бе таҳлили воқеият гирифта мешавад, танҳо ба хотири тасмим аст, на ба хотири ҳалли мушкилӣ»,- гуфт коршинос.

Таъсири COVID-19 ба низоми маориф

Чун коронавирус дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, ҳатто кишварҳои абарқудрат натавонистанд ба зудӣ пеши роҳи онро гиранд. Оё низоми маориф ба ин шароити ҳассос омода буд ё на? Умуман, COVID-19 ба низоми маориф чӣ таъсир гузошт?

Дар ин бора Вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода гуфт, ки дар даврони коронавирусӣ аз дигар қишрҳо дида соҳаи маориф зиёдтар талафот дид.

«Аслан дар даврони COVID-19 аз ҳама қишри осебпазир аҳли зиё буд. Чун ин қишри мардум зиёд ақлонӣ, донишманд ва ҳассос ҳастанд, ки ҳамаи чиро зуд ба дил қабул мекунанд. Шояд дар ин радиф аз дигар қишри ҷомеа дида, соҳаи маориф бештар талафот дида бошад»,- гуфт ӯ.

Дар ин раванд Радиои Озодӣ низ таҳқиқоте анҷом дода буд, ки дар он бештари қурбониёни эҳтимолии COVID-19 дар Тоҷикистон кормандони соҳаи тиб (72) ва маориф (67) арзёбӣ мешаванд. Дар он ҳамчунин номи кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва афроде, ки умдатан бо мардуми зиёд сарукор доранд, кам нест.

Коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, Асомиддин Атоев мегӯяд, ки таҷрибаи ватанӣ исботи он аст, ки низоми маориф ба кризиси пандемияи COVID-19 омода набуд. Ба гуфтаи ӯ, далели рӯшани чунин андеша аз аввали моҳи май ба таътил рафтани муассисаҳои таҳсилотии кишвар мебошад. Гарчанде, чораҳои зарурие барои татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар соҳаи маориф аз соли 2003 инҷониб андешидаву татбиқ шудаанду мешаванд.

«Масалан, барномаи компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки якчанд давраи он амалӣ гардидаанду агар хато накунам, давраи навбатиаш татбиқ шудан дорад. Ё ин ки таҳияи китобҳои электронии дарсӣ ва ташаббуси нави Вазорат, ки ба таҳияи заминаи таҳсилоти фосилавӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ равона гардидааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин талошҳо, мо шоҳиди он гаштем, ки иқтидори инфрасохтори ватании Интернет барои таъмини дастрасии фарогири хонандагон ҳатто дар шаҳрҳо намерасад»,- афзуд Атоев.

Барои рушди соҳа чӣ бояд кард?

Ба гуфтаи Асомиддин Атоев, барои тасмими дастҷамъона ва ҳал намудани мушкилии дастрасии Интернет ва сифати таҳсил дар кишвар ниҳоди муҳими давлатӣ ҳанӯз аз соли 2006 таъсис дода шудааст. Он ҳам бошад, Шӯрои ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳадафи асосиаш татбиқи ТИК барои рушди кишвар мебошад.

«Ҳадафи асосии ин ниҳод татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. На рушди ТИК ва на рушди дигар технологияҳо, балки истифодаи бартариҳои ТИК дар ҳалли масъалаҳои ҷамъияту давлат бо назардошти воқеияти соҳаҳои гуногун. Маҳз дар сатҳи ҳамин ниҳод тасмимгириҳои холисона бо назардошти манфиатҳои миллӣ, на як соҳаи алоҳидаву ширкати зерсохтори мақомот, имконпазир аст».

Ба гуфтаи ин коршинос, тағйироти кадрие, ки охирон маротиба гузаронида шуд, ба манфиати кори ҳамин ниҳод асту умед ҳаст, ки котиби навтаъини он метавонад, ҷаласаҳои мунтазами Шӯроро ташкил кунад. Ҷаласаи нахустини он пас аз танаффуси 9-сола (охирин ҷаласаи Шӯро моҳи ноябри соли 2011 гузашта буд) бояд ба таъмини таҳсилоти фосилавии фарогири муассисаҳои таҳсилотӣ бахшида шавад.

«Боз ҳам барои таъмини таҳлили ҳамаҷонибаи вазъияти кунунии соҳаи маориф ва телекоммуникатсия фактори муҳим иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус ташкилотҳои ҷамъиятии таҷрибаи бойи ҳар ду соҳаро дошта, мебошад. Дар ҳамин ҷаласа самаранокии чораҳои солҳои охир андешидаи масъулони ҳар ду соҳа ва соҳаи андоз бояд баррасӣ шуда, манфиату зарари онҳо санҷида шаванд»,- илова намуд коршинос.

Ҳамчунин, ӯ чанде аз ин тасмимҳоро зикр кард:

  • Аз соли 2009 манъ ва маҳдуд кардани дастрасии хонандагону донишҷӯён ба дастгоҳҳои мобилӣ. Хизмати хирсонаи устодон ва намояндагони мардумӣ як даҳсола мешавад, ки насли наврасро маҷбур месозад саводи технологии истифодаи дастгоҳи ҳамаҷоҳозири мобилиро на аз устод, балки аз кӯча омӯзад;
  • Андози аксиз дар бозори ТИК, ки аз соли 2011 ба ҳаҷми 3% муаррифӣ шуд ва бархилофи ваъдаҳои Маҷлиси намояндагон аз бознигарии тасмим пас аз 3 моҳи ҷорӣ кардани андоз, он то ба 5% аз апрели соли 2015 баланд бардошта шуд;
  • Мавқеи МЯК (маркази ягонаи коммутатсионӣ), ки зерсохтори «Тоҷиктелеком» мебошад. Баррасии ин марказ аз нигоҳи таъсири он ба бозори ватании ТИК ва аз ҳама муҳим, ба буҷаи давлат бояд гирифта шавад;
  • Ҳолати иҷрои чораи «таъсис додани танзимгари мустақили соҳаи телекоммуникатсия» мутобиқи Қарори 691-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 октбяри соли 2014.

Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як гигабайт интернети мобилӣ 34 сомонӣ нарх дорад, ки ба 4%-и маоши миёна баробар мебошад. Барои баргузории машғулият ё дарсҳои фосилавӣ дар як моҳ тақрибан 10 гигабайт Интернет лозим аст. Айни замон, 3,18 млн. аҳолии кишвар аз шабакаи Интернет истифода мекунанд, ки тахминан 30%-и аҳолиро ташкил медиҳад. Вале ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар баробари афзоиши истифодабарии Интернет шикоятҳо аз сифати паст ва нархи баланди он аз ҷониби муштариён зиёд шудаистодааст. То чӣ андоза дар чунин шароит таҳсилоти фосилавиро ба роҳ мондан мумкин аст, суоли кушода аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь