Who.is – барои дарёфти маълумоти зарурӣ/иловагӣ оид ба ин ё он сомона пешбинӣ шудааст.

- Мавод: сомона
- Вазифа: дарёфти маълумоти иловагӣ/зарурӣ дар бораи сомонаҳо
- Абзор: whois.domaintools.com
Қадами 1
Абзори «Who.is»-ро боз мекунем.

Қадами 2
Сомонаеро боз мекунем, ки мехоҳем дар борааш маълумоти иловагие пайдо карда бошем. Барои мисол, сомонаи Ittiloot.com.

Қадами 3 ва 4
Пайванд (ссылка)-и заруриро нусхабардорӣ (копировать) мекунем ва онро дар ҷои муқарраршуда мегузорем. Сипас, тугмаи «Search»-ро пахш менамоем.

Қадами 5
Баъд аз пахши тугмаи «Search» равзанаи наве боз мешавад, ки дар он ҷо маълумоти асосиро дар бораи сомонаи мазкур пайдо кардан мумкин аст.

Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:
Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.