Фактчекnews | Бозии зиддифейкӣ махсус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

Дар Осиёи Марказӣ барнома барои рушди муқовиматпазирии ҷавонон бар зидди суханони нафратангез ва иттилооти бардурӯғ дар шабакаи Интернет фаъол гардид.

Qlever як портали шабакавии таълимӣ ва фароғатӣ дар заминаи Android буда, инчунин дорои сомонаи www.qlever.asia мебошад.

«Ҳадафи Qlever ин ҳавасманд гардонидани ҷавонони осебпазир (аз 12 то 35-сола) дар ноҳияҳои дурдасти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст»,- мегӯянд созмондиҳандагони барнома.

Бозии мазкур дар доираи лоиҳаи BRYCA «Бунёди муқовимат ба таъсири суханони ғайриқонунии нафратангез ва иттилооти бардурӯғ дар Интернет ва ВАО-и иҷтимоӣ миёни ҷавонони Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, таҳия гардидааст.

«Дар ҳар як кишвар барои муайян кардани масъалаҳои марбут, ки дар рафти таҳияи бозиҳои таълимӣ истифода мешаванд, барномаи мониторинги ВАО (аз ҷумла фазои интернетӣ) амалӣ карда мешавад. Ин мониторинг намунаҳои воқеии суханони нафратангез, хабарҳои дурӯғу сохтаву бофтаро ошкор мекунад, ки метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: истифодаи нодурусти далелҳо, изҳороти бардурӯғ, иқтибосҳои бардурӯғ, сӯйиистифодаи тасвиру навор ва маълумотро дарбар гирад»,- қайд мекунанд, созандагон.

Бозӣ бо барномаи мазкур комилан ройгон буда, дар сурати комёб шудан, метавонед соҳиби тӯҳфаҳо гардед. Барои дастрасии пурра истифодабаранда бояд аз қайд гузарад.

«Дар баробари дарсҳо дар мавриди саводи расонаӣ корбар метавонад, хабарҳои муҳими Осиёи Марказиро мутолиа намояд, дар форум бо корбарони ҳамсоякишварҳо вориди баҳс шавад ва ҳамчунин бозӣ кунад. Бозиҳо барои рушди саводи расонаии корбар равона шуда, барои муваффақиятҳо холҳо дода мешаванд. Корбароне, ки холҳои зарурӣ ба даст меоранд, метавонанд аз мағозаи Qlever харид намоянд. Бар ивази холҳои додашуда ба корбарон китобу флешкорт, диктофону ноутбук ва ба ин монанд туҳфаҳо ба фурӯш гузошта шудааст»,- иттилоъ медҳаҳанд, созандагони платформа.

QLEVER барои телефонҳои мобилӣ дар Google Play Market дастрас буда, ҳамчунин шумо метавонед, аз сомонаи www.qlever.asia истифода баред.


Предыдущая статья
Следующая статья
Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь