5 июни соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон барои кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва аҳолӣ сабукӣ дод. Аз ҷумла, соҳибкороне, ки тибқи патент кор мекунанд ва иншооти соҳаи сайёҳӣ се моҳи оянда аз пардохти маблағи андозҳо озод шуданд. Ҳаҷми андоз аз пасандозҳои аҳолӣ барои ним соли оянда аз 12 ба 6 дарсад поин омад ва нақшаи боло бурдани нархи обу барқ, алоқа ва хадамоти коммуналӣ то охири сол ба таъхир гузошта шуд. Корхонаҳо низ барои дер пардохтани андозҳо ҷарима нахоҳанд шуд.
Соҳибкорон чӣ фикр доранд?
Ҳамчунин, аҳолии кишвар аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 аз андози моликияти ғайриманқул озод гашта, аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин, таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод хоҳанд буд.
Қарори додани сабукӣ баъд аз ду моҳи эълони расмии мавҷудияти коронавирус, дар пайи пешниҳоди соҳибкорон ба ҳукумат дар мавриди муваққатан аз пардохти андоз озод кардани онҳо ба тавсиб расид. Тибқи фармони мазкур баъзеи онҳо аз пардохти андоз дар як муддати муайян озод шуданд ва барои бархеи дигар сабукиҳо пешниҳод гардид.
Соҳибкори тоҷик Олимҷон Ализода, ки тибқи патент дар бозори «Султони Кабир»-и шаҳри Душанбе ба фурӯши қисмҳои автомобил машғул аст, гуфт, ҳудуди 6 сол мешавад, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад ва ҳар моҳ ҳамчун маблағи патент ба буҷа 175 сомонӣ андоз пардохт менамуд.
Ӯ гуфт, ки иқдоми навбатии ҳукумат то андозае ӯро дастгирӣ менамояд, чунки вай 2 моҳ фаъолият накард ва маблағеро ҳам барои пардохти патент надорад.
Мавсуф қайд намуд, ки бо таъсири пандемияи коронавирус имсол савдо кам шудааст ва мардум бештар маводи ниёзи аввалия – орду равған ва дигар маҳсулоти хӯрока, харидорӣ мекунанд.
– Мошин ва қисмҳои эҳтиётии дар ин шабу рӯз барои аҳолӣ чизи дуюмдараҷа ва ҳатто сеюмдараҷа аст, аз ин рӯ, ба ин чиз кам таваҷҷуҳ доранд,- мегӯяд номбурда.
Ӯ пешниҳод кард, ки то беҳ шудани вазъ соҳибкороне, ки ба фурӯши маҳсулоти дуюмдараҷа – техникаву технология, машғуланд, пурра аз андоз озод шаванд.
Мунира Тоҳирова аз дигар соҳибкороне мебошад, ки дар Бозори «Корвон» ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад. Вай тибқи фармони мазкур тӯли се моҳ аз супоридани маблағи андоз озод аст. Ӯ гуфт, ки аз сабаби паҳншавии бемории коронавирус фаъолияти соҳибкории худро ҳудуди ду моҳ пеш бурда натавонист ва танҳо аз аввалҳои моҳи июл аз нав ба фаъолият оғоз намуд.
– Ҳанӯз охири моҳи май гуфтанд, ки ба номи роҳбарияти мақомоти андоз ариза нависем, моро аз моҳҳое, ки фаъолият накардаем, аз супоридани андоз озод мекунанд. Баъдан, фармон баромад ва аз супоридани андоз озод гардидем,- мегӯяд Тоҳирова.
Номбурда қайд кард, ки барои пешбурди фаъолияти соҳибкориаш аз Бонки «Эсхата» қарз гирифтааст ва пардохти қарзи бонк ва пардохти андоз дар ин вазъият барояш мушкил аст. Аз ин рӯ, иқдоми ҷоригардидаи ҳукумат барои ӯ то андозае барои се моҳ сабукӣ овард.
Пешпардохти андоз чӣ мешавад?
Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки агар андозсупоранда ва ё субъекти хоҷагидор маблағи патентро аз 1 май то 1 июн супорида бошанд, ин маблағи андоз ҳамчун пешпардохт ба моҳи август мегузарад ва он давраи моҳҳои август- сентябрро рӯйпӯш мекунад.
Мавсуф ба суоли он ки чаро маҳз ба соҳибкороне, ки тибқи патент фаъолият доранд, имтиёзҳои бештар дода шуд, гуфт, аксари чунин соҳибкорон дар бозорҳо фаъолият мекунанд ва тавре ба ҳамагон маълум аст, дар натиҷаи таъсири коронавирус бозорҳо муваққатан фаъолият накарданд ва ин соҳибкорон зарари ҷиддӣ диданд.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи андози кишвар Нусратулло Давлатзода дар мавриди ба иҷора додани объектҳои давлатӣ ба соҳибкорон гуфт, ки онҳо ба таври аниқ намедонанд, ки соҳибкорон дар чунин объектҳои давлатӣ иҷора мешинанд ё не.
– Вале агар ба иҷора нишаста бошанд, тибқи фармоиш аз он бархӯрдор мешаванд, лекин дар мо чунин маълумот нест, ки оё соҳибкор дар идораҳои давлатӣ иҷора нишастааст ё не,- илова намуд номбурда.
Киҳо аз манфиати фармон бархӯрдор мешаванд?
Ҳафтаномаи расмии Кумитаи андоз – «Боҷу хироҷ», дар нашри №30, аз 30 июли соли равон бо такя ба Сарраёсати маъмурикунонии андози Кумитаи мазкур иттилоъ медиҳад, ки «аз ҳисоби татбиқи имтиёзҳои андозӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 июни соли 2020 таҳти №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо дар моҳҳои май ва июн дар маҷмӯъ, аз ин ҳисоб ба буҷа ба маблағи 16,2 млн. сомонӣ ворид нагардидид».
Дар фармони мазкур ҳамчунин омадааст, ки аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намоянд;
Сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салим Абдулазизов дар мавриди он ки кадом ширкатҳое ба ин кор машғуланд, қайд намуд, ки тамоми ширкатҳо навобаста аз шакли моликият ва тобеият,- ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ аз ин фармон бархӯрдор мешаванд.
– Дар асоси фармони мазкур дар қонуни буҷа тағйиру иловаҳо ворид гардид ва тамоми маводе, ки дар фармон дарҷ гардидааст, аз 1 июл то 1 сентябр аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва аксизҳо озод мебошанд,- илова намуд ӯ.
Мавсуф гуфт, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки то 20-25% нархи маҳсулоте, ки дар фармон дарҷ шудааст, арзон гардад.
Ба иттилои номбурда, қариб 99%-и истеҳолкунанда ва воридкунандаи маҳсулоти тиббӣ, корхонаҳои хусусӣ мебошанд. Ба ин рӯихат, аз ҷумла ҶДММ «Сифатфарм», ҶДММ «Дӯстӣ», ҶДММ «Ориёнфарм», ҶДММ «Раҳмат 2004», ҶДММ «Муҳаммадҷон» ва ғайра шомиланд.
Таъсири фармон ба низоми бонкӣ
Дар фармони мазкур, инчунин гуфта шудааст, ки дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо назардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки ӯҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои мӯҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти таъсири паҳншавии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, ба ҳолати 30 июни соли 2020 ба зиёда аз 100 ҳазор муштарии худ ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла, мӯҳлати пардохти қарзи зиёда аз 28600 муштарӣ бо маблағи 800 млн. сомонӣ тамдид гардида, зиёда аз 43 млн. сомонӣ ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шудаанд.
– Меъёри бозтамвил бо назардошти дастгирии иқтисодиёти кишвар дар давраи пандемия 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 10,75%-и солона аз 3 августи соли 2020 муқаррар карда шуд,- илова намуд. Нурмуҳаммадзода.
Мавсуф афзуд, ки меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва ӯҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ 1%-и солона ва бо асъори хориҷӣ 5%-и солона муқаррар карда шуд. Аз ин ҳисоб, беш аз 241,7 млн. сомонӣ маблағ ба ташкилотҳои қарзӣ баргардонида шуд, ки он ҳам барои таъмини пардохтпазирии онҳо мусоидат менамояд.
Ӯ илова намуд, ки ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи имконияти воқеии худ ба мизоҷонашон кӯмак менамоянд ва Бонки миллӣ онҳоро маҷбур карда наметавонад, ки ба муштариёнашон сабукӣ пешниҳод кунанд.
– Бонки миллӣ пешниҳод менамояд ва онҳо хавфҳои худро ба назар гирифта, ба мизоҷонашон кӯмак мекунанд. Вале дар ин давра ташкилотҳои қарзӣ ба муштариёнашон сабукиҳо доданд. Мо инро ба назар мегирем ва дар оянда ба онҳо кӯмак мекунем,- гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода.
Номбурда илова кард, ки ба хотири дастгирии ташкилотҳои қарзӣ дар давраи пандемия аз ҳисоби захираҳои ҳатмии Бонки миллӣ барои онҳо 241 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ӯ гуфт, ба хотири дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорон дар ин давра аз ҷониби Бонки миллӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин, ташкилотҳои қарзӣ дар хариди коғазҳои қимматнок ширкат мекунанд ва фоида зиёд ба даст меоранд.
– Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳои фавқулода қарз медиҳад. Мо ба ташкилотҳои қарзӣ маслиҳатҳои муфид дода истодаем, меъёри бозтамвилро паст намудем, тавсия додем, ки мизоҷонашонро ҷаримабандӣ накунанд. Бонки миллии Тоҷикистон аз имкониятҳои дохилии худ низ истифода бурда, ба ташкилотҳои қарзӣ кӯмак намуд.
Ҳаммуассис ва роҳбари «Алиф Бонк» Абдулло Қурбонов гуфт, дар мавриди андешидани чораҳо оид ба татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки ӯҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои мӯҳлатнок анҷом дода наметавонанд, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон низ дастурҳои далхдор ирсол карда шудаанд.
Вале ӯ мушаххасан шарҳ надод, ки аз ҷониби Бонки миллӣ кадом дастурҳо исрол гардид, танҳо гуфт, дар ин давра аз ҳама бештар худи бонк ба муштариёнаш сабукӣ пешниҳод намуд.
Ба гуфтаи ӯ, «Алиф Бонк» дар аввали моҳи май тасмим гирифтааст, дар давраи пандемия барои нафароне, ки то шурӯъ шудани пандемия маблағ гирифта буданд ва бо сабабҳои беморӣ, аз кор озод шудан ё ба рухсатии бемузд равона шудан ва имконияти пардохт кардан надоранд, мӯҳлати имтиёзӣ то 3 моҳ додааст. Дар мӯҳлати имтиёзӣ пардохтҳои моҳона мавқуф гузошта мешавад ва барои ин ягон маблағи иловагӣ гирифта намешавад.
– «Алиф Бонк» яке аз аввалин ташкилотҳои қарзие дар кишвар буд, ки барои электронӣ қабул намудани аризаи чунин муштариён сомонаи «covid.alif.tj» – роҳандозӣ намуд. Тариқи ин сомона зиёда аз 2 ҳазор нафар барои имтиёзҳо муроҷиат карданд ва беш аз 1,5 ҳазори он тасдиқ карда шуданд,- гуфт мавсуф.
Ӯ инчунин зикр кард, ки ҳарчанд аз ин иқдом «Алиф Бонк» зарар мебинад, вале новобаста ба ин зарур мешуморад, то ҳадди имкон мизоҷонашонро дастгирӣ намуда, ин мушкилиро дар якҷоягӣ паси сар намоянд.
Номбурда қайд кард, ки ҳангоми пайдо шудани аломатҳои аввали пандемия, «Алиф Бонк» сенарияҳои гуногуни равиши онро баррасӣ намуд ва таҳлилҳояш нишон доданд, ки бинобар ҷалби сармояи нав дар охири соли гузашта, ба ҳолатҳои эҳтимолии мушкилтарин низ омода аст. Хушбахтона, нисбатан беҳтар шудани вазъият эҳсос шуда истодааст ва аксар нафароне, ки имтиёз гирифта буданд, аллакай пардохтҳояшонро аз нав шурӯъ намуда истодаанд.
Озодӣ аз андоз ва таъсири он ба иқтисодиёти кишвар
Гуфта мешавад, ки бо озод намудани чанд соҳибкор аз пардохти маблағи андоз барои иҷрои қисми даромади буҷа таъсири манфӣ мерасонад. Иқтисодшиносон мегӯянд, ки ҳукуматро зарур аст, аз ҳисоби дигар захираҳо қисми даромади буҷаро таъмин намоянд.
Иқтисодшиноси тоҷик Собирҷон Вазиров гуфт, ки бо вуҷуди он ки аз ин ҳисоб маблағи калон ба буҷет ворид намешавад, вале дар ин вазъ бояд соҳибкоронро дастгирӣ намуд, ки то фардо баъди гузаштани пандемия тавонанд, фаъолияти худро боз идома диҳанд.
– Ҳукумат метавонад, ин маблағро аз ҳисоби дигар захираҳои давлатӣ пурра кунад,- афзуд ӯ.
Вай гуфт, чораи мазкур бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда буда, бешубҳа дастгирии навбатии давлатӣ мебошад. Мақсад аз фармони мазкур паст кардани таъсири манфии пандемия ба соҳибкорон дар як давраи муайян аст.
Бино ба пешниҳоди ӯ, дар ҳолати мавҷи дуюми пандемия беҳтар аст, ки ба монанди чораҳои мазкур чораҳои иловагӣ андешида шавад.
– Вале новобаста аз мавҷи дуюми эҳтимолии пандемия, таъсири феълии он ба баъзе соҳаҳои тиҷоратӣ то андозае шудааст, ки онҳо наметавонанд дар солҳои наздик ба ҳолати то пандемия боз гарданд. Ин маънои онро дорад, ки дар ҷомеа бояд механизмҳои нави ҳавасмандгардонии фаъолияти тиҷорати инноватсионӣ ба роҳ монда шавад, то дар ин замина соҳаҳои нави тиҷоратии фоидаовар ба давлату ҷомеа пайдо шавад,- илова намуд Вазиров.
Роҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон Азиз Тимуров гуфт, бо вуҷуди он ки Ҳукумати Тоҷикистон аз андоз сахт вобаста аст, вале дар ин давра маҷбур шуд ба сиёсати таътили андозӣ рӯй орад. Чунки дар замони COVID-19 соҳибкорон ва дигар андозсупорандагон имкони супоридани андозро надоранд.
Ба гуфтаи ӯ, агар чунин чора андешида намешуд, соҳибкорон ба хотири додхоҳӣ ба Президент муроҷиат мекарданд. Бо ин роҳ ҳукумат обрӯи худро нигоҳ дошт.
Ба таъкиди вай, дар фарҳангу маданияти Осиёи Марказӣ обрӯй ва имиҷи шахс нақши муҳим мебозад.
– Имсол дар Тоҷикистон соли баргузории интихоботи президентӣ аст ва инро дарк намуда, ҳукумат ба шаҳрвандон сабукӣ дод. То баргузории интихоботи президентӣ Ҳукумати Тоҷикистон чанд имтиёзи дигар ба аҳолӣ пешниҳод мекунад,- мегӯяд Темуров.
Дар қисмати дигари фармон омадааст, ки нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд. Вале иқтисодшиносон мегӯянд, ки ягон намуди танзими нарх ба мақсад намерасад, чунки дар натиҷа соҳибкорон сифати маводро паст мекунанд (пасташро бо нархи танзимшуда мефурӯшанд) ва баландсифатро «аз таги прилавка» мефурӯшанд.
Азиз Темуров афзуд, ки сиёсати нигоҳ доштани нарх бо тарзи фишор натиҷаи мусбат нахоҳад дод. Вале чунин чораи давлатӣ дар чашми мардуми одӣ ҳамавақт дастгирӣ меёбад. Ба ин роҳ обрӯи давлатро баланд мебардоранд ва бо ин кор нишон додан мехоҳанд, ки давлат ғамхор аст, ки ин албатта сиёсати популистӣ аст.
Номбурда мегӯяд, ба хотири худнамоӣ шояд дар назди телевизион як ду «рейд» кунанд, чанд нафар соҳибкори ба қавле беинсофро ҷарима намоянд. Вагарна, сиёсати нигоҳ доштани нархҳо ба камшавӣ ва пастшавии сифати молу маҳсулот оварда мерасонад.
– Ҳар чӣ шуданаш мумкин аст, аммо баъд аз интихоботи президентӣ. Баланд бардоштани нархи барқ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ дар нақша ҳаст. Шояд баланд кардани андоз ҳам дар назар дошта шуда бошад. Аммо фикр намекунам, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳолат мисли Беки Балҷувон рафтор кунад. Ситонидани андоз барои чанд моҳи бедаромад хатари иҷтимоӣ дорад,- мегӯяд номбурда.
Муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Аброр Мирсаидов гуфт, ки воқеан ҳам имрӯз ҷаҳон дар замонии пандемияи коронавирус ба бӯҳрони системавӣ-низомӣ гирифтор шуд, ки инро касе интизорӣ надошт. Ин бӯҳронест, ки моҳияти иқтисодӣ надошта, омили берун аз иқтисодӣ дорад. Бинобар ин, на танҳо иқтисоди Тоҷикистон, балки иқтисоди тамоми ҷаҳон зарари ҷиддӣ дидааст.
Ӯ мегӯяд, ҳамаи ин масъалаҳоро ба назар гирифта, ҳукумати кишвар ба баъзе соҳибкорон сабукиҳо пешниҳод намуд, чунки субъектҳои соҳибкорӣ ба чунин ранг гирифтани кор умуман омода набуданд ва он якбора миёни онҳоро шикаст. Бештари соҳаҳои фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, хизматрасонӣ талафи зиёд дид, ҳатто даромадшон ба сифр баробар шуд. Бинобар ин, фармон бештар ба чунин соҳаҳо равона гирдидааст. Агар бӯҳрон сирф иқтисодӣ мешуд, корхонаҳо бо истифода аз захираҳои худ метавонистанд аз вазъият берун оянд. Аз ин рӯ, онҳо ба дастгирии давлатӣ мӯҳтоҷ буданд.
Ба таъкиди номбурда, яке аз сабукиҳо, ки метавонад «дар китфи соҳибкор бардорад», ин озод намудан аз пардохти андоз аст. Чунки ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ин ки ҳукумат медонад, аз ин ҳисоб ба буҷа кам маблағ ворид мешавад, вале ба хотири дастгирии соҳибкорон чунин қарорро қабул намуд.
Аброр Мирсаидов дар идома кайд кард, ки дар ҳолати «коронабӯҳрон» ҳамаи вазнинӣ ба сари буҷаи давлатӣ меояд.
– Вақте ки баъзе андозсупорандагон аз андоз озод карда шуданд, ба буҷаи давлатӣ аз ин ҳисоб маблағи кам ворид мешавад. Дар ин ҳолат, ҳукумат бештари вазифаҳои иҷтимоиро бо мушкилот иҷро менамояд. Ин масъулияти давлатро дар назди буҷа ва аҳолӣ дучанд мекунад,- мегӯяд Мирсаидов.
Таътил чӣ маъно дорад?
Аюбҷон Солеҳзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар қисмати дигари фармон барои шахсони воқеӣ пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул аз 1 май то 1 сентябр таътили андозӣ пешбинӣ шудааст. Андозсупорандагон метавонанд, аз 1 май то 1 сентябр маблағи ҳисоби андозҳои худро ба буҷа пардохт накунанд. Вале маблағи давраи таътили андозиро бояд то 15 ноябр, давраи дуюми андозӣ пардохт менамоянд. Вақте таътили андозӣ дода мешавад, барои насупоридани андоз дар ин давра фоиз ҳисоб карда намешавад.
Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Улҷабоева ҳам аз ин иқдоми ҳукумат хуб истиқбол намуд, вале гуфт, ки бояд ба қисмати «таътили андозӣ» ба «аз андоз озод карда шаванд», иваз мешуд. Чунки ба гуфтаи ӯ, баъд аз таътили андозӣ он соҳибкорон маҷбур мешаванд, ки маблағҳои андозҳои ин давраро баъди ба итмом расидани таътили андозӣ пардохт кунанд. Ҳоло он ки дар ин вазъият умуман фаъолият накардаанд ва аз куҷо маблағ меёбанд, муайян нест.
Ӯ гуфт, ки чунин таҷрибаро Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аллакай мавриди амал қарор додаанд ва бештари соҳибкоронашонро аз моҳи феврал пурра аз пардохти андоз озод намудаанд.
Номбурда гуфт, дар маҷмӯъ ин фармон то андозае ба нафъи соҳибкорон аст, вале хуб мешуд, агар то охири сол онро дароз мекарданд.
Чиро бояд интизор шуд?
Чизи аз ҳама муҳиме, ки имрӯз дар тамоми маҳфилҳо садо медиҳад, ин кай пурра хотима ёфтани пандемия ва ба ҳолати муқаррарӣ баргаштани Тоҷикистон ва умуман ҷаҳон аст.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Самариддин Ализода гуфт, танҳо бо риояи ҳатмӣ ва ҳаматарафаи гигиенаи шахсии ҷамъиятӣ, ин вирусро пурра аз байн бурдан мумкин аст.
Ӯ қайд намуд, ки коркард ва мавриди истифода қарор додани ваксина яке аз роҳҳои асосии ғалаба бар зидди ин вирус аст, вале он мӯҳлати зиёдро мегирад.
– Дар тамоми чаҳон то имрӯз ягон пешгӯӣ дар мавриди пурра аз байн рафтани ин вирус нест. Аз ин рӯ, мо танҳо бояд тарзи ҳаёти солим ва гигиенаи шахсиро риоя намоем, то онро бештар паҳн накунем. Ҳоло муайян нест, ки кай ин вирус пурра аз байн меравад,- илова намуд номбурда.
Мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ду роҳи озод шудан аз пандемияро арзёбӣ намуд:
- якум, ҳар чӣ тезтар коркарди ваксина ва эм кардани мардум;
- дуюм, риояи талаботи санитарию гигиенӣ.
Номбурда аз кашфиёти олимони ҷаҳон дар самти ваксинаи коронавируси навъи нав хуш истиқбол намуда, гуфт, ки он кашфиёт аллакай марҳилаи аввалро гузашт ва умед аст, ки ба наздикӣ аз таҷриба низ мегузарад ва пешниҳоди аҳолӣ мешавад.
Вале ӯ гуфт агар ин кор ҳам шавад аввал давлатҳои абарқудрат ва кишвари кашфкарда мавриди истифода қарор медиҳанд ва дар ин ҳол ҳам ба мо хело дертар дастрас мешавад.
Аз ин рӯ, чораҳои андешидашуда барои овардани сабукӣ ба соҳибкорон метавонад кофӣ набуда, дар ояндаи наздик ҳукуматро мебояд лаҷоми назорат ва идораи иқтисодро боз ҳам озодтар намояд, ки то ки соҳибкорон, хусусан соҳибкорони хурду миёна, муфлис нашаванд.