Jeffrey’s Image Metadata Viewer – аз маъмултарин маъхазҳо барои дарёфти маълумоти таркиби акс (метамаълумот) пешбинӣ гардидааст. Акс ва маълумоте, ки тавассути ин абзор санҷида мешавад, ба касе дода нахоҳад шуд ва ҳатто зимни санҷиш маълумоти он сабт карда намешавад.
- Мавод: сурат
- Вазифа: дарёфти маълумоти пурра дар бораи акс/сурат
- Абзор: Jeffrey’s Image Metadata Viewer
Қадами 1
Маъхази онлайнии «Jeffrey’s Image Metadata Viewer»-ро боз мекунем.
Қадами 2
Тугмаи «Интихоби файл» («Выбор файла»)-ро пахш карда, сипас аксеро, ки мехоҳем дар борааш маълумоти бештар пайдо созем, интихоб мекунем.
Қадами 3
Баъд аз интихоби акси лозима, тугмаи «View Image Data»-ро пахш мекунем.
Қадами 4
Дар идома равзанаи дигаре боз шуд, ки аз ин ҷо метавон тамоми маълумоти заруриро дар бораи акси санҷидашаванда пайдо кард. Вале бояд донист: на ҳама аксҳое, ки дар интернет, хоса шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода мешаванд, гоҳо маълумоти онҳо ба таври худкор ё автоматӣ тоза карда мешаванд.
Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:
Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.