Чӣ санҷида шуд?
25-уми август ОИ «SugdNews» зери сарлавҳаи «СҶТ ва ЮНИСЕФ пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакон аз 12-солагӣ тавсия доданд» хабареро нашр намуд (бойгонӣ). Дар маводи мазкур омадааст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) тавсия додаанд, ки кӯдакони 12-сола ва калонтар бинобар пандемияи COVID-19 ниқоб пӯшанд.
Иқтибос:
«Тибқи маслиҳатҳои СҶТ ва ЮНИСЕФ, кӯдакони 12-сола ва калонтар бояд ниқобро дар ҳамон шароите, ки калонсолон доранд, бипӯшанд, алахусус агар онҳо дар масофаи на камтар аз як метр аз дигарон қарор дошта бошанд ва имкони паҳншавӣ дар ин минтақа вуҷуд дошта бошад», – хабар медиҳад, ТАСС бо истинод ба СҶТ.
Барои кӯдакони 6-11-сола, аз ҳолати ҷойдошта вобастагӣ дорад…».
Ҳукмнома: Ҳақиқат
СҶТ воқеан ҳам дар саҳифаи расмиаш хабари мазкурро нашр намуда (бойгонӣ), пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакони 12-сола ва калонтар тавсия додааст (бойгонӣ).
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҳангоми ҷустуҷӯ тавассути Google муайян шуд, ки ин хабарро расонаҳои гуногуни ҷаҳон низ нашр намудааст. Аз ҷумла, сомонаи расмии BBC (бойгонӣ) дар такя ба СҶТ истинод оварда (бойгонӣ), се маслиҳати синнусоли гурӯҳиро нашр кардааст, ки чунинанд:
– Кӯдакони 12-сола ва калонтар бояд ниқобро дар ҳамон шароите, ки калонсолон доранд, бипӯшанд, алахусус агар онҳо дар масофаи на камтар аз як метр аз дигарон қарор дошта бошанд ва имкони паҳншавӣ дар ин минтақа вуҷуд дошта бошад;
– Барои кӯдакони аз 6 то 11-сола, СҶТ тавсия медиҳад, ки то кадом андоза паҳншавии вирус имконият дорад ва оё онҳо бо гурӯҳи одамони хавфашон баланд, ба монанди пиронсолон, иртибот доранд. Инчунин, дар он зарурати назорати калонсолон таъкид карда мешавад, то кӯдакон тавонанд, ниқобро бехатар истифода баранд, пӯшанд ва гиранд;
– Кӯдакони то 5-сола ва аз он хурд набояд дар ҳолати муқаррарӣ ниқоб пӯшанд.
Хулоса
Далелсанҷии мо собит намуд, ки хабари ОИ «SugdNews» зери сарлавҳаи «СҶТ ва ЮНИСЕФ пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакон аз 12-солагӣ тавсия доданд» ба «Ҳақиқат» рост мегирад.