Фейк бо унсурҳои дасткорӣ | Ҳамсари президенти Ӯзбекистон ба коронавирус гирифтор шуд

Чӣ санҷида шуд?

27-уми августи соли равон сомонаи «Asia Times» хабареро зери сарлавҳаи «Ҳамсари президенти Ӯзбекистон ба коронавирус гирифтор шуд» нашр намуд (бойгонӣ). Дар он гуфта мешавад, ки ҳамсари раисҷумҳури қаблии Ӯзбекистон Татяна Каримова озмоиши COVID-19-ро гузаштааст, ки натиҷаи мусбат додааст.

Иқтибос:

««Имрӯз ман аз коронавирус натиҷаи мусбат гирифтам. Натиҷаи ғайричашмдошт, бо назардошти он, ки ман ва оилаам қоидаҳои беҳдоштӣ, ба монанди пӯшидани ниқобу дастпӯшакҳо ва иртиботи минималиро риоя мекунем. Татяна Каримова ва кӯдакон низ аз санҷиш гузаштанд, ки аз онҳо натиҷаи манфӣ баромад», – навиштааст, хонум Татяна Каримова дар саҳифаи Facebook».

Аз сабаби он ки дар ин бора танҳо сомонаи «Asia Times» иттилоъ додаву дар дигар хабаргузориҳо чизе гуфта нашудааст, хабари мазкурро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Фейк бо унсурҳои дасткорӣ

Далелсанҷӣ маълум кард, ки ягон расонаи Ӯзбекистон чунин иттилоотеро, ки гӯиё Татяна Каримова, ҳамсари раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов ба коронавирус гирифтор шуда бошад, нашр ва тасдиқ накардааст. Ҳатто он манбаъҳое, ки сомонаи «Asia Times» дар такя ба онҳо хабар додааст (бойгонӣ), тасдиқи худро наёфтанд.

Скриншот аз саҳифаи сомонаи «Asia Times»

Чӣ гуна санҷида шуд?

Сомонаи «Asia Times» дар хабараш «…навиштааст, хонум Татяна Каримова дар саҳифаи Facebook» гуфта, ба саҳифаи фейсбукии Елена Зеленская, ҳамсари Владимир Зеленский, Раисҷумҳури кунунии Укроин истинод оварда, суханони ӯро ба Татяна Каримова рабт додааст, ки айнан суханони болозикр ба Елена Зеленская тааллуқ дорад (бойгонӣ).

Дарвоқеъ, Елена Зеленская дар саҳифаи фейсбукии худ аз гирифториаш (бойгонӣ) ба COVID-19 ва чӣ гуна паси сар кардани ин беморӣ хабар додааст (бойгонӣ).

Ин хабарро ҳатто Дафтари Раисҷумҳури Укроин дар саҳифаи твиттераш низ тасдиқ кардааст (бойгонӣ).

Хулоса

Санҷиши мо собит кард, ки хабари ба коронавирус гирифтор шудани Татяна Каримова, ҳамсари собиқ раисҷумҳури Ӯзбекистон асос надорад, чун ин хабар ба Елена Зеленская, ҳамсари Раисҷумҳури кунунии Укроин Владимир Зеленский рабт дорад. Дигар ин ки чунин сарлавҳагузорӣ таҳти унвони «Ҳамсари президенти Ӯзбекистон ба коронавирус гирифтор шуд» бештар барои ҳангомаву ҷалби хонандагон асту бас. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Фейк бо унсурҳои дасткорӣ» унвон мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь