Китобпараст | Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ: имкониятҳо ва дурнамо

0
481
Factcheck_kitob
Муаллиф: Александр Гороховский

Дастурамале, ки барои омӯзиши далелсанҷӣ ё фактчекинг пешкаш мекунем, «Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ: имкониятҳо ва дурнамо» унвон дорад. Муаллифи ин дастурамал рӯзноманигори шинохтаи укроинӣ, сармуҳаррири захираи маҳаллии онлайнӣ оид ба далелсанҷӣ (фактчекинг) – Без брехни, Александр Гороховский мебошад.

Дастурамали мазкур методологияи далелсанҷиро муфассал рӯнамоӣ мекунад, ки воситаи асосии тафтиши далелҳо буда, абзор муқовимат ба ахбори бардурӯғ дар муҳити муосири расонаӣ мебошад.

Дастурамал барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, вале он пеш аз ҳама, барои устодон ва донишҷӯёни факултаҳои журналистика, коршиносони соҳаи расонаҳо (медиа), истеҳсолкунандагони муҳтаво, роҳбарони афкори ҷомеа ва блогнависону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, умуман ба ҳамаи онҳое, ки дар соҳаи медиа кору фаъолият мебаранд, муфид хоҳад буд.

Тарҷумон: Иззатманди Саломиён

Муҳаррир: Хилватшоҳ Маҳмуд

Ороишгар: Мухтаров Булат

Солу макони нашр: Душанбе-2018

Иборат аз: 114 саҳифа

Тарҷума ва нашри дастурамал бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст.

Китоби мазкурро аз ин ҷо метавонед боргирӣ намоед.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here