Дӯстони азиз, машғулияти 9-уми мо доир ба рушди тафаккури интиқодӣ равона карда шудааст.
Таваҷҷуҳ кунед:
– Шумо дар даст коғази сафед доред ва дар он 9 нуқта тасвир ёфтааст. Вазифаи асосии шумо ин аст, ки бояд 9 нуқтаро бо кӯмаки 4 хат тавре ба ҳам пайвандед, ки хатҳо ҳамаи нуқтаҳоро бурида гузаранд.
Маслиҳат: ҳангоми пайвастани 4 хат ба 9 нуқта аз қолаб берун бароед, яъне хатҳо аз нуқтаҳо гузаранд.
Шахсе, ки аввалин шуда, 9 нуқтаро бо кӯмаки 4 хат ба ҳам мепайвандад ва акси онро дар зери ҳамин мавод дар саҳифаи фейсбукии FactCheck.TJ ирсол мекунад, ӯро ТӮҲФА интизор аст!
Тести омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин тест масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.