Далелсанҷӣ | Собянин: Бе тоҷикон аҳволи Маскав бад мешавад

Чӣ санҷида шуд?

19-уми октябри соли равон сомонаи Pressa.tj хабареро таҳти сарлавҳаи «Собянин: Бе тоҷикон аҳволи Маскав бад мешавад» нашр кард (бойгонӣ). Дар мавод гуфта мешавад, гӯиё шаҳрдори Маскав Сергей Собянин изҳор доштааст, ки пойтахти Русия дар арафаи наздикшавии фасли сармо муҳтоҷи муҳоҷирони тоҷик шудааст, вале сафи онҳо хеле каманд, ки дар даст лому бели барфтозакунӣ гиранд.

Иқтибос:

«Тоҷикон хеле каманд, ки дар даст лому бели барфтозакунӣ гиранд.

«Пойтахти Русия муҳтоҷи муҳоҷирон шуд – зимистон аллакай наздик аст ва акнун тоҷикон хеле каманд, ки дар даст лому бели барфтозакунӣ гиранд. Бо сабаби коронавирус, онҳо Маскавро тарк карданд»,- мегӯяд раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин. Ӯ боварӣ дорад, ки норасоии дастгоҳро ҳамватанони мо аз дигар минтақаҳо пур мекунанд…

Шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав имсол 40% коҳиш ёфт, гуфт мири Маскав Сергей Собянин рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо барномаи «Ҳафтаи шаҳр» дар шабакаи телевизионии Россия-1».

Ин ки мири Маскав Сергей Собянин аз норасоии маҳз муҳоҷирони кории тоҷик махсус зикр кардааст, як андоза ба мо шубҳанок намуд. Аз ин рӯ, хабари мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳукмнома: Дурӯғ бо унсурҳои дасткорӣ

Скриншот аз саҳифаи Pressa.tj

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин воқеан ҳам дар як мусоҳибааш ба шабакаи телевизионии «Россия 1» доир ба камбуди муҳоҷирон то 40% ҳарф задааст. Вале ӯ дар бораи он ки дар Маскав «Тоҷикон хеле каманд, ки дар даст лому бели барфтозакунӣ гиранд» ва ё «Бе тоҷикон аҳволи Маскав бад мешавад» чизе нагуфтааст. Яъне, ин ҷо Pressa.tj бо овардани калимаи «тоҷикон» изҳороти Собянинро таҳриф кардааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Сомонаи Pressa.tj дар такя ба шабакаи телевизионии «Россия 1» хабар додааст. Зимни санҷиш аз шабакаи телевизионии «Россия 1» мо низ мусоҳибаи Сергей Собянинро пайдо кардем (бойгонӣ), ки дар он шаҳрдор аз шумори муҳоҷирон дар Маскав, ки имсол то 40% коҳиш ёфтааст, сухан мекунад. Аммо ӯ дар ҷое номи «тоҷикон»-ро зикр накардааст (Нигаред аз дақиқаҳои 03:00 то 03:30).

Иқтибос:

«Алабатта, дар Маскав хеле муҳоҷирон кам шудаанд. Бино ба таҳлилҳои алоҳида, 40% аст ва ин албатта, ба бозори меҳнат, соҳаи коммуналӣ ва хоса ба вазифаҳое, ки барои тоза кардани барф муваққатан банд шудаанд, асар мекунад. Ин асосан кори дастӣ аст: бел, ҷорӯб ва лом. Вале на ҳамаи москавагиҳо омодаанд, ки дар чунин ҷойҳо кор кунанд».

Яъне, дар ин ҷо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин танҳо аз камбуди муҳоҷирони корӣ ҳарф задааст, на дар бораи «бе тоҷикон бад шудани аҳволи Маскав».

Хулоса

Санҷиши мо исбот кард, ки шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар бораи муҳоҷирони тоҷикистонӣ чизе нагуфтааст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо нисбат ба маводи пешниҳодкардаи сомонаи Pressa.tj «Дурӯғ бо унсурҳои дасткорӣ» унвон мегирад.

Мавзуна ДАДОБОЕВА,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь