Ҳақиқат | Шаҳрвандии Русияро гирифтани қариб 45 ҳазор тоҷикистонӣ дар соли 2019

Чӣ санҷида шуд?

Дар соли 2019 наздики 45 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Бо чунин мазмун сомонаи migrant.news.tj маводеро ба нашр расонидааст (бойгонӣ). Ба иттилои ин манбаъ, соли 2019 қариб 498 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2018 (269 ҳазор нафар) 84% зиёдтар аст.

Иқтибос:

«Тавре хабаргузории «Фергана» бо истинод ба Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия иттилоъ медиҳад, аксари гирандагони шаҳрвандии Русия аз хориҷиён мардуми Украина (наздики 300 ҳазор нафар) мебошанд. Дар идома шаҳрвандони Қазоқистон – 50,5 ҳазор, Тоҷикистон – 44,7 ҳазор, Ӯзбекистон – 19,4 ҳазор, Қирғизистон – 9,3 ҳазор ва Туркманистон – 1,4 ҳазор нафар қарор доранд».

Омори соҳиб шудани шаҳрвандии Русия аз тарафи тоҷикистониён боис шуд, хабари мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар ҳақиқат соли 2019, 44 ҳазору 707 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Скриншот аз сомонаи Муҳоҷир.news.tj

Чӣ гуна санҷида шуд?

Сомонаи «Муҳоҷир.news.tj» ба матлаби хабаргузории «Фергана», ки воқеан ҳам дар ин бора хабареро нашр кардааст (бойгонӣ), ишора мекунад.

Барои пайдо кардани маълумоти боз ҳам дақиқ сомонаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русияро мавриди санҷиш қарор додем. Зимни санҷиш зери гӯшаи Омори муҳоҷират «Нишондиҳандаҳои вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Русия барои моҳҳои январ-декабри соли 2019 бо тақсимот аз рӯи минтақа»-ро пайдо кардем (бойгонӣ). Дар ҷадвали омори мазкур омадааст, ки давоми соли 2019 нисбати 44 ҳазору 707 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия қабул шудааст.

Скриншот аз сомонаи ВКД-и Федератсияи Русия

Хулоса

Хабари «Шаҳрвандии Русияро гирифтани қариб 45 ҳазор тоҷикистонӣ дар соли 2019» бо омори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия мувофиқат мекунад. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.

Саидмухтори САИДАНВАР,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь