Ҳақиқат | Соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд

Чӣ санҷида шуд?

20-уми октябр АМИТ «Ховар» хабареро таҳти сарлавҳаи «Соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд» нашр кард (бойгонӣ). Дар хабар гуфта мешавад, ки аз моҳи январ то сентябри соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд ва ин нишондиҳанда – 590,9 ҳазор нафар ё 62,4% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Инчунин, дар ҳамин сана сомонаи Радиои Озодӣ мақолаи таҳлилие омода намудааст (бойгонӣ), ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 355 ҳазор хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Ин омор то нӯҳмоҳаи соли равон нишон дода шудааст ва азбаски бештар аз 6 моҳи он марзҳо баста буданд, дурустии рақамҳо то ҷое шубҳанок намуд ва боис ба санҷиши мо гардид.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Зимни санҷиш дақиқ гардид, ки дар ҳақиқат давоми 9 моҳи соли 2020 ба Тоҷикистон 355 ҳазор нафар хориҷиён ташриф овардаанд.

Скриншот аз сомонаи АМИТ «Ховар»

Чӣ гуна санҷида шуд?

Тавре дар сомонаи Оҷонсии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯи сайёҳӣ маълумот дода шудааст (бойгонӣ), дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намудҳои мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 355,5 ҳазор нафарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 590,9 ҳазор нафар ё 62,4% кам шудааст.

– Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 317,2 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ) арзёбӣ мегарданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,2% кам шудааст, – омадааст дар омори сайёҳии манбаъ.

Ба иттилои Оҷонсии омор, шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҶумҳурииТоҷикистон аз давлатҳои ИДМ ворид шудаанд, 337,3 ҳазор нафар (94,9% аз шумораи умумӣ), аз он 302,9 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ва аз давлатҳои хориҷи дур 18,2 ҳазор нафар (мутаносибан 5,1% аз шумораи умумӣ), аз он 14,3 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ мебошанд.

Хулоса

Дар такя ба маълумоти расмии Оҷонсии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосае расидем, ки хабари мазкур воқеан ҳам дуруст мебошад. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро гирифт.

Фарзон МАШАРИФОВ,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь