Таҳлил | Вазъи сайёҳии Тоҷикистон дар даврони COVID-19

Масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ эълон доштанд, ки бино бар паҳншавии вируси корона ва баста шудани марзҳо теъдоди гардишгарони хориҷӣ, ки аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан мекарданд, ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки COVID-19 зарбаи аввалинро ба соҳаи сайёҳӣ расонид ва шикратҳои сайёҳӣ фаъолияти худро қатъ намуда, кормандони онҳо ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

«Имрӯз сарҳадҳо баста шуданд, меҳмонон дигар ба Тоҷикистон омада наметавонанд. 223 ширкати сайёҳие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бештари кормандони онҳо ба рухсатии бемузд равон карда шуданд ва худи ширкатҳо дар як давраи муайян аз фаъолият бозмонданд», – гуфт ӯ.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доириаи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ, таҳқиқоти хурдеро анҷом додааст, ки миёни 24 намояндагони субъекти саноати сайёҳӣ, ки дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ВМКБ фаъолият мекунанд, пурсишномае гузаронида шудааст.

Муҳаммадхӯҷа Давлатов, мутахассиси Кумитаи сайёҳӣ қайд намуд, ки мушкилоти муайяншуда бо пандемияи коронавирус дар соҳаи туризм нисбат ба интизориҳо ҷиддитар буданд. Ба гуфтаи ӯ, аксарияти ширкатҳои сайёҳӣ то 100% талафот дидани худро дар даврони пандемия хабар додаанд.

«Дар маҷмӯъ, аз 40 то 100% хисороти ширкатҳои сайёҳӣ ба назар мерасад. Аз ҳама хисороти камтаре, ки соҳаи сайёҳӣ дидааст, 40%-ро ташкил медиҳад, ки 6%-и пурсидашудаҳо дар ин бора хабар доданд. 25% гуфтаанд, ки то 70-80% хисорот ва 44%-и дигар аз талафоти 100%-аи худ хабар доданд», – илова намуд Муҳаммадхӯҷа Давлатов.

Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон аз 17-уми марти соли ҷорӣ қарореро ба имзо расонд, ки ворид шудану берун рафтани сайёҳон муваққатан манъ карда шуд. Вале шурӯъ аз 15-уми июн аз ҷониби мақомот баъзе аз маҳдудиятҳои ба хотири коронавирус ҷоришуда бардошта шуданд. Аз ҷумла, ба минтақаҳои туристӣ иҷозаи фаъолият дода шуд. Аммо, айни замон танҳо сайёҳони дохилӣ имкони аз минтақаҳои сайёҳӣ дидор ва истироҳат карданро доранд. Ҳанӯз изоҷаи расмии қабули сайёҳони хориҷӣ ба роҳ монда нашудааст. Ширкатҳои сайёҳӣ низ дар Тоҷикистон аз коҳиши муштариёни худ дар мавсими тобистони имсола хабар доданд, ки ин вазъият онҳоро нигарон кардааст.

Ширкати сайёҳии «Боми ҷаҳон тур» дар даврони хуруҷи COVID-19 хисороти зиёд дида, айни замон фаъолияти худро боз доштааст. Ба гуфтаи роҳбари ширкати сайёҳии «Боми ҷаҳон тур» Шоназаров Худогӯй онҳо соли ояндаро интизоранд, то ин ки марзҳо боз шаванду дубора фаъолияти худро ба роҳ монанд.

«Ширкати мо дар даврони COVID-19 аз фаъолият бозмонд. Имсол аз ҳисоби сайёҳӣ танҳо зарар дидем, ҳамаи кормандонро аз кор озод кардем, ҳоло бошад, бекор мондаем. Ҳамаи он турҳое, ки барои мо фармоиш шуда буданд, дар умум 40 гурӯҳро ташкил медод ва ҳамаи онҳо аз сафари худ даст кашиданд. Мо соли ояндаро интизорем, то ин ки вазъият мӯътадил шаваду мо ба кори қаблии худ баргардем», – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои расмии Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар давоми шаш моҳи соли 2020 аз 223 ширкати сайёҳӣ танҳо 5-тои он аз фаъолият бозмондаанд. Ин дар ҳолест, ки бештари ширкатҳо аз қатъи фаъолияти худ дар даврони пандемия хабар доданд.

Сайёҳӣ ва иқтисодиёти кишвар

Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҷаҳонгардиву туризмро яке аз ҳадафҳои муҳими стратегияи рушди кишвар то соли 2030 унвон кардааст. Ин стратегия 16-уми апрели соли 2018 барои рушди соҳаи сайёҳӣ қабул гардидааст. Умедвории Тоҷикистон ин аст, ки бо ҷалби меҳмонони хориҷӣ ба тамошои кишвари тиҷорати хурду миёна ва бахши андоз рушд мекунад.

Абдуманнон Шералиев, иқтисодшиноси тоҷик бар он назар аст, ки дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ то андозае рушд накардааст ва таъсири он ба иқтисоди кишвар начандон зиёд мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон аз ҳисоби сайёҳӣ даромади чашмрасе надорад ва қатъи фаъолият намудани ширкатҳои сайёҳӣ ба иқтисоди кишвар таъсири хеле кам дорад.

«Бо вуҷуди даъвоҳои болохонадори мақомот, дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ кори чандоне анҷом нашудааст. Баръакс, ба ширкатҳое, ки каму беш дар рушди соҳа саҳм мегузоранд, ҳамеша монеагузорӣ мешавад. Он ҷузъи шаклгирифтаи иқтисоди кишвар нест ва аз зарару фоидаи он ба иқтисод дар ҳоли ҳозир ҳарф задан тақрибан маъние надорад», – қайд намуд коршинос.

Абдурақиб Қодиров, иқтисодшиноси дигари тоҷик бар он андеша аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан сайёҳии экологӣ зиёдтар ба чашм мерасад ва як қисмати сайёҳон аз туризми кӯҳнавардӣ истифода мекунанд, ки ин қабил сайёҳатҳо барои иқтисод ва буҷаи Тоҷикистон чандон даромад намеорад ва худи соҳа низ чандон шуғловар нест.

Ба гуфтаи ин коршинос, дар ин давра шояд ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки аз ҳисоби сайёҳон даромад ба даст меоварданд, бештар зарар дидаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар соли 2019 саҳми сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,2%-ро ташкил медод. Дар шаш моҳи соли 2020 бошад, он 1,3%-и ММД-ро ташкил медиҳад.

Таъсири COVID-19 ба сайёҳии дохилӣ чӣ гуна аст?

АКС: ОИ «Красная Весна»

Абдурақиб Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки бо сабабҳои пандемия ҳаҷми даромадҳои сайёҳии дохилӣ низ коҳиш ёфт ва омилҳое ҳастанд, ки бисёриҳо бо назардошти хатари бемории коронавирус дигар барои истироҳат нарафтанд.

«Аслан дар тамоми дунё чунин буд, вале Тоҷикистон низ ҳамин вазъиятро дошт. Бар замми сайёҳии беруна, сайёҳии дохилӣ низ зарари ҷиддӣ дид. Рушд додани сайёҳии дохилӣ чандин омил дорад, ки он ҳам аз сатҳи даромаднокии аҳолӣ вобаста аст. Дар ҳоле, ки дар соли 2020 даромаднокии аҳолӣ ҳам аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳам табиист, ки бештари мардум дар таркиби буҷаҳои оилавии худ барои сайёҳати дохилӣ ва солимгардонӣ маблағҳои лозима ҷудо карда натавонистанд. Зеро, аксари маблағҳои буҷаи оилавии онҳо барои мулоиҷа, таъмини ғизо, либос ва дигар намуди хароҷоти зарурӣ сарф гардид. Табиист, ки дар даврони пандемия ин намуди хароҷот зери хатари ҷиддӣ қарор гирифт ва ба таври назаррас хеле коҳиш ёфт», – афзуд ӯ.

Мутахассиси бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Имомов низ қайд кард, ки ҳангоми баста будани сарҳадот ягона самте, ки фаъолият карда метавонанд, ин сайёҳии дохилист: «Рушд додани сайёҳии дохилӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намуда, бо зебоиҳои диёри хеш шинос шаванд, фарҳанг, таърих ва урфу одатҳои халқи худро омӯзанд».

Ҳамзамон, ба андешаи ӯ, таваҷҷуҳ ба сайёҳии дохилӣ ширкатҳои сайёҳиро бо мизоҷони доимӣ таъмин менамояд ва барои сабуктар гузаронидани шиддати буҳрон мусоидат менамояд.

– Инчунин, ҳангоми сафари шаҳрвандон аз як минтақа ба минтақаи дигари кишвар маблағи сарфшаванда дар дохили давлат боқӣ мемонад ва барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ дар ин давраи мушкил кӯмак мекунад.

Тибқи Фармони Раисҷумҳури кишвар «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020, таҳти №1544 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ гардид ва ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ карда шуд.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои сайёҳӣ қаблан аз мақомоти кишвар талаб карда буданд, ки дар даврони пандемия ба онҳо сабукӣ ҷорӣ карда шавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь