Таҳлил | COVID-19 камбудиҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистонро ошкор кард

Барои гирифторони коронавируси нав, ташхису муоина ва муолиҷаи онҳо низоми тандурустии Тоҷикистон он гуна, ки ба беморони қанд-диабетикҳо имтиёз ва хадамоти ройгонро дар назар гирифтааст, пешбинӣ накардааст. Аз ин ҷост, ки ин бемории ҳамагир ва муосир, ногаҳонию босуръат густариш пайдо кард ва соҳаи тандурустии кишварро дар ғафлат гузошт.

Моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ бар асари адами шароит ва заъфи зарфият пизишкон ночор шуданд лаб ба шикоят бикушоянд ва эътироз кунанд. Онҳо аз камбуди сарулибоси махсус барои пизишкону ҳамшираҳои шафқат, ниқобу дастпӯшҳо, айнаки тиббӣ, маводи зиддиуфунӣ, камчинии дастгоҳҳои танаффуси маснуӣ, лабораторияҳои ташхис, доруворӣ, маҳдудияти зарфияти бемористонҳо барои қабули сироятшудаҳо ва аз ин даст мушкилӣ, бонги изтироб мезаданд.

Раҷабалӣ Ҳайдаров, сардори Шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Мӯъминобод, дар ҷануби Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт: «Дастпӯшу даҳонбанд дорем, лекин ҳамагӣ 8 халати махсуси кӯҳна дорем, ки қобили истифода нестанд. Дар беморхона ду дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дорад, ки якеаш пурра хароб асту дигариро истифода намекунем. То ҳол ҳеч кӯмак нарасидааст». Ҳамчунин, як пизишки дигар аз бемористони ноҳияи Вахш ҳам пинҳон надошт, ки бемористони онҳо барои чунин шароит омода нест: «дар беморхонаи мо ҳамагӣ ду дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) вуҷуд дорад ва ин хеле кам аст. Либоси махсуси тиббӣ надорем ва ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат намудем. Барои карантин 145 кат омода карда шудааст».

Наврӯз Ҷаъфаров овозаи дарунравии кӯдакон аз коронавирусро дурӯғ гуфт
Наврӯз Ҷаъфаров
АКС: Factcheck.tj

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки шароити муолиҷаи коронавируси нав дар бемористонҳои кишвар дар муқоиса бо оғози зуҳури он фарқ мекунад: «Ҳоло дар саросари Тоҷикистон бештар аз даҳ озмоишгоҳ фаъолият мекунанд. Ҳолатҳое буд, ки як озмоишгоҳ дар моҳҳои май то июл имкони дар як шабонарӯз, бо иваз намудани персонали техникӣ, то 1200 тестро медиҳанд. Баъд аз он ки озмоишгоҳҳо дар шаҳру вилоятҳо ҳам фаъол шуданд, агар ба ҳисоби миёна дар як дастгоҳ, аз 36 то 74 намунаро барои озмоиш гузорем ва ин рӯзона се маротиба такрор шавад, ҳар як озмоишгоҳ бо риояи қоидаҳо аз 250 то 400 ташхис анҷом медиҳанд. Дар маҷмӯъ, тавони ҳамаи озмоишгоҳҳо дар кишвар дар шабонарӯз аз 3500 то 4000 ҳастанд».

Зимнан, ин омор дар оғози сироятёбии COVID-19 тамоман дигар хел буд ва намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар аввали моҳи май хабар дода буд, ки мақомоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз 200 то 250 ташхиси коронавирус мегиранд ва ин кам аст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав ва кӯмак ба арсаи тандурустии кишвар даст ба чораҳое зад, ки то ҳадди тавон шароити бемористонҳо ва табибонро иваз кард. Кӯмакҳо барои мубориза бо коронавируси нав ҳам аз тариқи буҷаи мамлакат ва ҳам аз тариқи созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва соҳибкорон сурат гирифтанд.

Бар пояи як қарори Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Хазинаи захиравии худ ба ҳайати табибону ҳамшираҳои шафқат ва ҳайати фаннии бемористонҳо, ки ба ташхису табобати мубталоёни коронавируси нав машғуланд, беш аз 12 миллион сомонӣ ихтисос дод. Дар ин дастур таъкид шудааст, ки ин миқдор маблағ барои се моҳ ба маоши ҳайати табибони масруф ба муолиҷаи сироятшудаҳои коронавирус дар ҳаҷми як маоши кориашон изофа мешавад:

«Дар давраи аввал 4 205 067 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки онро 5269 нафар, аз ҷумла 995 – табиб, 1833 – кормандони сатҳи миёна, 1547 – кормандони хурд ва 894 – кормандони дигари соҳаи тандурустӣ гирифтанд. Дар навбати дуюм, дар моҳи июн маоши изофагӣ ба 8618 корманд ба маблағи умумии 6 742 220 сомонӣ пардохт карда шуд, ки мутаносибан ба 1992 табиб, 3408 корманди сатҳи миёна, 2430 корманди хурд ва 788 корманди дигари соҳаи тандурустӣ рост меояд. Ҳукумати Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба Қонуни буҷаи давлатӣ 1 млрд. 600 млн. сомонӣ иловатан ба соҳаи тандурустӣ ихтисос дод, ки барои тармими муассисаҳои табобатӣ, харидории таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили томографияи компютерӣ, МРТ, дастгоҳи ИВЛ – нафаскашии сунъӣ, мизи ҷарроҳӣ, сарулибоси махсус, мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» ва ғайра равона шуданд».

Аммо нафароне, ки бо коронавируси нав дар бемористонҳо муолиҷа гирифтаанд, мегӯянд, тамоми намуди хизматрасонӣ бо пардохти маблағи муайян сурат мегирад. Шурӯъ аз ташхис то харидории доруворӣ даво, кат барои хоб ва истифода аз ИВЛ – дастгоҳи нафаскашии сунъӣ, пулакӣ аст. Як нафар аз муаллими мактаби ноҳияи Мастчоҳ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, барои беморони COVID-19 ягон гузашту хидмати ройгон дар назар гирифта нашудааст ва ҳеч пизишке ва ҳеч ҳамшираи шафқате бепул ба онҳо расидагӣ намекунад. Вай гуфт, ки дарди ҷонкоҳи ин беморӣ тавре азоб медиҳад, ки омодаед барои табибу табобатхонаву ҳамшираи шафқату хариди доруворӣ пул пардохт кунед, балки бештар аз он мукофотпулӣ ҳам диҳед:

«Ин як низоми фасодзада аст. Пизишкону кормандони миёнаву поёнӣ бо камтарин маош албатта, зиста наметавонанд, бо ҳар роҳ ноилоҷанд, ки аз беморон хидматпулии иловагӣ ситонанд: фалон дору дар беморхона набуд, аз аптека гирифта истифода бурдем, ё пулашро ба мо диҳед, ё доруро аз ҷое харида биёред, ки мо ба аптека дода, пуламонро бозгашта гирем. Аҳволи маошро мебинед, агар ҳиммате доред, бифармоед. Варақи рентгенро худамон харидаем, бинобар ин, аксбардориамон пулакӣ аст».

Ин муаллими мактаб афзуд, ки шукр ду писарам аз муҳоҷират маблағ фиристоданд, вагарна бо маоши муаллимӣ наметавонистам, барои табобатам пул диҳам. Вай гуфт, аз тарафи дигар вазъи кормандони бемористонҳоро ҳам бояд фаҳмид, ки ӯ хоҳ табиб асту хоҳ ҳамшира ва ё парастори мард, дар ҳақиқат хеле бад аст. Маоши онҳо бисёр ҳам ночиз аст. Аммо онҳо бо беморони коронавирус сару кор мегиранд, ки ҳар лаҳза хатари мубталошавӣ онҳоро таҳдид мекунад.

Зимнан, шумори қурбониёни COVID-19 дар миёни табибони тоҷик хеле зиёд аст ва тибқи маълумоти таъйидношуда, беш аз 90 табиби тоҷик бар асари коронавируси нав ҷони худро аз даст додааст.

Эркин Раҳмонов
АКС: АМИТ Ховар

Бо ин ҳама масъулин ва мутахассисони бахши ҳифзи сиҳати оммаи Тоҷикистон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон барои орому осон пушти сар гузаронидани мавҷи дуюми коронавирус омода аст ва дар қиёс ба аввалҳои хуруҷи он дар баҳори соли ҷорӣ нахоҳад шуд. Профессор Эркин Раҳмонов, мудири кафедраи Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ Ибни Сино, доктори илмҳои тиб, яке аз сироятшиносони тоҷик мегӯяд, ки вазъият дар муқоиса бо оғози ин беморӣ тафовут дорад ва таҳти назорат аст:

«Агар таҷрибаи Тоҷикистон ва мушоҳидаҳои шахсиямро ба инобат гирем, пас дар тобистон, вақте ки ҳарорати ҳаво 40-45 дараҷа гарм буд, сироятёбӣ зоҳиран коҳиш меёфт. Сипас, моҳи сентябр афзоиши назарраси беморӣ сурат гирифт ва аз он замон то инҷониб дар сатҳи мӯътадил, бидуни хуруҷ боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, эҳтимол мо набояд бо чунин вазъияти ҳузноваре, ки моҳҳои апрел-май рух дода буд, мувоҷеҳ шавем. Худоро шукр, ки авҷи беморӣ дар кишвари мо гузашт. Агар рӯзҳои аввал 200-300 нафар барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат мекарда бошанд, ҳоло чунин миқдор нест – дар як рӯз 15-20 нафар. Ин маънои онро дорад, ки мо аз марзи болоӣ гузаштаем, гарчанде одамон ҳанӯз ҳам муроҷиат мекунанд. Аммо на бо шаклҳои вазнини беморӣ, балки бо шаклҳои сабуки он. Хатарнокӣ ва марговарии он коҳиш ёфта, вирус дигаргун шудааст. Он наметавонад, ин қадар дуру дароз зинда бимонад. Тадриҷан эминияти дастаҷамъӣ пайдо мешавад».

Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, «барои се моҳи оянда мо ба таври кофӣ тест дорем».

Ахиран, Ҳукумати Тоҷикистон, бино ба иттилои хабаргузории Sputnik, бо як қарори вижа воридоти дастгоҳу таҷҳизоти табобатӣ ва маводи антисептикӣ, доруворӣ ва лавозимот барои муолиҷаи бемории COVID-19-ро аз пардохти гумрукӣ ва молиёт озод кард ва таъкид шуд, ки ин амр барои беҳтар кардани зарфияти бемористонҳо ва шароити табобати маризон мусоидат хоҳад кард.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь