Ҳақиқат | Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Чӣ санҷида шуд?

14-уми ноябри соли равон Оҷонсии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» хабареро зери сарлавҳаи «Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд» нашр намуд (бойгонӣ). Инчунин, дар ин бора хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» низ матлаберо чоп кардааст (бойгонӣ).

Дар хабари расонаҳо омадааст, ки Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби ЛДПР муттаҳидшавӣ бо Русияро ягона роҳи наҷот барои ҳифзи амнияти ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ номидааст.

Иқтибос:

«Мо амалан собиқ ИҶШС-ро хоҳем гирифт, танҳо дар нусхаи кандашуда – як қисми Молдова, як қисми Гурҷистон, як қисми Озарбойҷон, тамоми Арманистон. Ман итминон медиҳам, ки бо муносибати хуб бо Тоҷикистон ва Раҳмон як чеҳраи оқил аст ва ӯ розӣ мешавад, ки ба Русияи нав комилан ҳамроҳ шавад. Ман онро Русияи бузург меномидам».

Изҳороти Жириновский дар ҳоле мавриди санҷиш қарор гирифт, ки он миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ гардид.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Скриншот аз саҳифаи ОИ «ҲАМСИНФ»

Зимни санҷиш дақиқ гардид, ки воқеан ҳам сиёсатмадори рус Владимир Жириновский ҳини суҳбат бо радиои «Комсомольская правда»-и Русия (бойгонӣ) дар ин бора махсус таъкид кардааст (Аз дақиқаҳои 13:56 то 14:15 гӯш кунед).

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ин хабаргузориҳо дар такя ба эфири радиои «Комсомольская правда» иттилоъ додаанд, ки барои боварӣ ҳосил намудан ба дурустии хабари мазкур, мо сомонаи радиоро мавриди санҷиш қарор додем. Маълум шуд, ки 13-уми ноябр (бойгонӣ) дар барномаи ҷамъбастии ҳафта таҳти унвони «Итоги с Жириновским» миёни ровии радио Иван Панкин ва Владимир Жириновский дар ҳақиқат суҳбате анҷом дода шудааст.

Ҷаноби Жириновский дар рафти суҳбат иқтибоси дар боло зикршударо воқеан ҳам таъкид намудааст. Дар идома ин сиёсатмадори рус ба ҷонибдории ақидаи худ, изҳор доштааст, ки Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон наметавонанд, барои шикасти гурӯҳҳои ҷиноӣ аз Афғонистон тоб оранд ва онҳо ба кӯмаки Русия ниёз доранд (Нигаред аз дақиқаҳои 14:08 то 14:50).

Хулоса

Хабари «Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд» асоси воқеӣ дорад, чун дар ин бора сиёсатмадори рус бо радиои «Комсомольская правда» суҳбат оростааст. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.

Дило ДОРОБШОЕВА


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь