Фактчекnews | Дар Тоҷикистон сафи корбарони «ТикТок» меафзояд (видео)

Тайи чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон низ сафи корбарони шабакаи иҷтимоии «ТикТок» тамоюли зиёдшавӣ дорад.

Яке аз ин корбарон – Нозим Зоидов, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки давоми як сол инҷониб дар шабакаи иҷтимоии «ТикТок» фаъол мебошад. Наворҳои ӯ тамошобини хеле зиёд доранд. Яке аз онҳо қариб 1 миллион тамошобин гирифтааст. Ҳоло саҳифаи «ТикТок»-и ӯ ба 30 ҳазор нафар обуначӣ наздик шудааст.

Маълумоти бештар дар нахустин кэпшн-видеои мост, ки метавонед дар ин ҷо тамошо кунед.

Умедшоҳи ҶУМЪАХОН,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь