Фактчекnews | Вебинари омӯзишӣ оид ба таҳқиқоти журналистӣ

Барои як гурӯҳ журналистон ва ҷавонони навқалам аз минтақаҳои Душанбе, Суғд ва Хатлон вебинари омӯзишӣ доир ба нозукиҳои таҳқиқоти журналистӣ аз тарафи сомонаи Factcheck.tj доир карда шуд.

Вижагиҳои таҳқиқоти журналистиро муҳаррир ва ҳамоҳангсози барномавии Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон Гулафшон Соқиева ва рӯзноманигори таҳқиқотгар Ёқуб Ҳалимов ба иштирокчиён фаҳмониданд. Инчунин, дар ҷараёни вебинар перомуни меъёрҳои интихоби мавзӯи таҳқиқот, муҳимияти фарзия ва нақшаи корӣ, шеваҳои ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот ва кор бо сарчашма табодули таҷриба сурат гирифт.

Ҳадаф аз роҳандозии ин тасмим омӯзонидани нозукиҳои кори таҳқиқот ва роҳнамоии журналистони ҷавон барои анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ дар мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ мебошад.

Маълумоти бештар дар навори мо ҷой дода шудааст.

Лоиҳаи «Мубориза бо дезинформатсия дар давраи пандемия» аз ҷониби Институти «Ҷамъияти Кушода» дастгирӣ карда мешавад.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь